Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

26.04.2022 // ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ- ХАТАР БА АМНИЯТИ ҶОМЕА

Солҳои охир ҳаракатҳои ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ авзои сиёсии ҷаҳони муосирро ноором карда, ҳаётро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ин зуҳуроти номатлуб алалхусус миёни бархе аз ҷавонон ба яке аз муаммоҳои рӯз табдил ёфта, оқибатҳои ногувори он тамоми башариятро ба таҳлука овардааст.

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террористро ба худӣ ва бегона, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад». Ин масъала нуқтаи меҳрварии Паём буда, ҷомеаро ҳушдор медиҳад, то бо ин амали мудҳишу ғайриинсонӣ, ки ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳро зери хатар гузоштааст, муборизаи беамон барем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ба ин муносибат санаи 26-уми апрели соли равон  вобаста ба ҳамин мавзӯи муҳим мувофиқи нақша-чорабинӣ дар шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо донишҷӯёни макотиби олӣ ва хонандагон суҳбат таҳти унвони  «Ифротгароӣ-хатари ҷомеа» доир гардид.

Чорабиниро  китобдори дараҷаи 1-и шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир  Ақилҷонова Мунира оғоз бахшида, оиди ин масъалаи муҳим суханронӣ намуд. Сипас саркитобдори шуъбаи толори хониш Бобоҷонова Гулбаҳор дар мавзӯи ифротгароию терроризм маълумоти мухтасар дод.

Инчунин дар рафти чорабинӣ саркитобдори шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зӯҳро якчанд китобҳои оид ба ин мавзӯъ вобастаро  хулосаи китобшиносӣ намуд, ки мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор гирифт. Дар рафти чорабинӣ байни хонандагон саволу ҷавобҳо ташкил ва гузаронида шуд, ки иштирокчиён дар ин бахши маҳфил хеле фаъолона иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани чунин суҳбат дар он аст, ки шомилшавии ҷавононро ба равияҳои гуногун аз ҷумла терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ғайра  пешгирӣ  ва онҳоро ба донишомӯзию ҳунаромӯзӣ ва  машғули касбу кор тарғиб карда мешавад.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона