Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

26.04.2022 // НАВИСАНДАИ СЕҲРСУХАН

Нависандаи хушгуфтору ширинбаён Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш  мактабдор  буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзонд. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Сипас муаллими мактаб, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990—2004) будааст. Аз солим 2007 сар карда якчанд сол сармуҳаррири  ҳафтаномаи  «Адабиёт ва санъат» бар зимма дошт.

Аз соли 1982 сар карда узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овардааст. Нахустин ҳикояи ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва китоби аввалинаш -қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пасиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд. Асарҳои нависанда бо забони суфтаю фасеҳи тоҷикӣ ба қалам омада, хислатҳои неку бади ҳамзамонони моро воқеънигарона ба риштаи тасвир кашидаанд ва муаллифашонро ба ҳайси яке аз шогирдони муваффақи мактаби нигорандагии Устод Садриддин Айнӣ ва давомдиҳандаи кори Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри муосири тоҷик шуҳратёр намудаанд. 

Ҳамчунин дар заминаи романи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат сериали ҳамноме танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар  Эрону Афғонистон, маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст. Вобаста ба мавзӯи романи «Марги бегуноҳ», қиссаи «Нишони зиндагӣ» силсилафилм ва ҳикояи «Меҳри модар» филм омода ва пешкаши умум гардидааст.  Осори гуногунаш дар 20 маҷмӯаи дастҷамъӣ ба чоп расидаанд. Асарҳои алоҳидаи ӯ, ҳамчунин, ба забонҳои англисӣ, чехӣ , туркманӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.

Кароматуллоҳи Мирзо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Л. Н. Толстой, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ордени «Шараф», Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон мебошад.

Ба муносибати 80-солагии нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо, санаи 26 уми апрели соли ҷорӣ кормандони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таҳти унвони  «Нависандаи сеҳрсухан» бо хонандагони синфҳои  2 ва 3-и МТМУ №5-и ба номи 30-солагии Истиқлолият вохурӣ ва сӯҳбат ташкил намуданд.

Дар ибтидо омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Ҳайдарова Муҳайё мақсад ва мӯҳтавои ташкили вохӯриро ба хонандагон шарҳу тавзеҳ дод. Сипас корманди китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ сардори толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо  аз ҳаёт ва фаъолияти нависанда ба хонандагон маърӯза намуд.  

Инчунин  мазмуни якчанд асарҳои “Қадри модар”, “Хонаи бобо”, “Сайрамбибӣ”-ро  ба хонандагон нақл кард. Дар рафти маҳфил хонандаи синфи 2в  Дадобоева Сумайя  мухтасар дар бораи асари нависанда “Гӯшвора” ба ҳозирин маълумот дод, ки писанди ҳамагон гардид. Аз тарафи хонандагон Ҷумаева Оиша, Файзибоев Иброҳим, Файзуллоев Низомиддин, Ғаниев Абдураҳим, Михманова Шарифахон шеърҳо дар васфи Ватан, Пешвои миллат, китоб, дониш қироат гардид.

Дар охир омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Султонова Ҳафиза  минатдории худро ба садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва ташкилкунандагони ин маҳфил баён намуда, иброз кард, ки минбаъд ҳамингуна суҳбатҳо, маҳфилҳо бисёртар ташкил карда шавад, то хонандагон маълумотҳои нав ба навро азхуд кунанд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона