Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

ЭКСКУРСИЯ ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ ОМАВИИИ БА НОМИ ТОШХОҶА АСИРӢ

Китобхона даргаҳи савод, хирад, маърифат ва кони  дониш мебошад. Саҳми китобхонаҳо дар баланд бардоштани маънавият ва фарҳангу  донишу заковати халқ хеле бузург аст.  Имрӯзҳо маҳз бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи китобдорӣ диққати ҷиддӣ дода шуда истодааст. Бо ташкили озмуну олимпиадаҳо ва чорабиниҳои илмиву адабӣ мардуми мо ба китобхонӣ ва китобдорӣ бештар ҷалб гардида истодаанд.

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ тӯли 105 сол аст, ки ҳамчун кони панду ҳикмат ва донишу заковат ба мардум хизмат менамояд. Имрӯзҳо ташрифи хонандагон ба китобхона зиёд гардидааст. Дар баробари ин ташкили экскурсияҳо ва шиносоӣ ба рафти фаъолияти китобхона  аз тарафи ташкилоту муассисаҳо низ ба назар мерасад, ки ҳамарӯза ба Китобхонаи  вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ташриф меоваранд.

Ба ҳамин мазмун санаи 9-уми апрели соли равон ба Китобхонаи вилояти оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ кормандони КҲФ ВМГ дар вилояти Суғд зери роҳбарии  муовини сардори раёсати КҲФ ВМГ падпалковник Шарипов Ғолиб  бо мақсади гузаронидани экскурсия ташриф оварданд. Ба онҳо  ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ- методӣ  Ҳамробоева Мавзунахон хизмат расонид ва дар бораи  раванди фаъолият, шуъбаҳо, дастовардҳои китобхона  ва адабиётҳои мавҷуда  маъумот дод. Дар рафти экскурсия меҳмонон аз толори хониш, шуъбаи хизматрасонӣ, толори кӯдакон ва наврасон, шуъбаи дастхатҳо, матбуоти даврӣ ва дигар шуъбаҳо дидан намуданд.

Ҳамчунин дар ҳамин сана, як гурӯҳ варзишгарони  Федератсияи карате-до ҷундокани Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд барои гузаронидани экскурсия ба Китобхонаи вилоятии  оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ташриф оварданд. Ба варзишгарон сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Рабиева Рокияхон хизматрасонӣ намуд. Онҳо зимни экскурсия  ба фаъолият, махзан ва  шуъбаҳои китобхона дидан намуда маълумот гирифтанд.  Инчунин дар  шуъбаи кӯдакон ва наврасон мизи мудаввар ташкил намуда шеърҳо ва ҳикояҳо оид ба  китоб хонданд.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхона