Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

12.04.2022 // РОЗДОРИ ОЛАМИ КАЙҲОН

Аз соли 1961 инҷониб,  санаи 12-уми апрел дар тамоми дунё ҳамчун Рӯзи кайҳоннавардон таҷлил карда мешавад. 61- сол муқаддам  дар ин рӯзи фаромӯшнопазир кайҳоннаварди собиқ Итиҳоди Шӯравӣ Юрий Алексеевич  Гагарин бо киштиии кайҳонии «Восток» заминро аз рӯи мадор давр зада, давраи кайҳоннавардии таърихи башарро оғоз намуд. Ин нахустин парвози инсон ба кайҳон ба ҳисоб рафта, 108 дақиқа давом кардааст. Юрий Гагарин аввалин шахсе буд, ки бо чашми худ куррашаклии заминро дидааст ва ба он баҳои баланд додааст.

РОЗДОРИ ОЛАМИ КАЙҲОН

Ба ҳамин мазмун санаи 12-уми апрели соли равон бахшида ба Рӯзи кайҳоннавардон бо ташаббуси шуъбаи техникӣ ва кишоварзии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиши китобиву матбуотӣ ташкил ва ба маърази истифодаи хонандагон ва донишҷӯён қарор дода шуд.

РОЗДОРИ ОЛАМИ КАЙҲОН

Дар рафти намоиш корманди шуъбаи мазкур,  китобдори дараҷаи дуюм Қаюмова Фирӯзахон ба иштирокдорони намоиш дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти  кайҳоннаварди маъруф Юрий Алексеевич  Гагарин маълумоти муфассал дод, ки иштирокдорони намоиш аз он бардоштҳо намуданд.

Дар охир хонандагон ва истифодабарандагон миннатдории худро барои ташкили чунин намоиш ба садорат ва кормандони китобхона расониданд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона