Таҷлили силсилачорабиниҳо бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» дар китобхона-филиалҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Кӯдакон ва наврасон ояндаи миллат ва идомадиҳандаи кору пайкори неки шахсони накӯкору номдор, саховатманду ҳунарпеша ва амсоли онҳо мебошанд. Пас имрӯз моро месазад ба таълиму тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ дода ба роҳи дурустиву ростӣ ва донишу илм онҳоро раҳнамоӣ намоем.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон», ки шурӯъ аз санаи 2-юми апрел то 9-уми апрели соли равон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва китобхона-фииалҳои он ташкил ва гузаронида шуд, аз зумраи иқдомҳои наҷибонае мебошад, ки баҳри ҷалб намудани хонандагон ба китобхониву омӯхтани дониш ва осори суханварону донишмандон мебошад. Ба ин муносибат дар китобхона намоиши китобиву матбуотӣ ташкил гардида буд, ки ҳамарӯза хонандагону наврасон ва донишҷуён аз он истифода менамуданд.
Ба ҳамин мазмун дар китобхона-филиали №1-и Китобхонаи виоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ки дар назди МТМУ №22-шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, санаи 8-уми апрели соли равон бахшида ба 90-солагии шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайд Раҷаб чорабинӣ таҳти унвони «Нурафрӯзи бачагону ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Алимова Ф., ҷонишини диретор оид ба синфҳои ибтидоӣ Ғафурова К., омӯзгори синфи 3б Олимова Ф. ва хонандагони синфҳои 3,4,5 иштирок намуданд. Намунаи эҷодиёти шоир ва китобҳои он ба маъразӣ намоиш ва истифодаи хонандагон гузошта шуд.
Чорабиниро китобдори дараҷаи 1 Ҳайдарова З. ибтидо намуда, ҳузури ҳамаро ба маҳфил хайрамақдам хонд. Сипас аз тарафи китобдор Холиқова А. китобҳои шоири шинохта Убайд Раҷаб ба ичтирокдорони маҳфил муаррифӣ карда шуд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи хонандагони муассиса шеъру суруд ва саҳнаи тарбиявӣ аз рӯи ашъори шоир пешкаши ҳамагон гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи китобдорони китобхона-филиал ба хонандагони фаъол китобчаи Убайд Раҷаб «Шамол ҳам хунук мехурад?» ҳадя карда шуд. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Алимова Ф. миннатдории худ ва роҳбарияти муассисаро ба садорати китобхонаи вилоятӣ ва китобдорони китобхона-филиал расонид, ки чунин як чорабинии хитирмонро ташкил намуданд.
Ҳамчунин санаи 8-уми апрел ба муносибати ин фестивал аз тарафи китобдорони китобхона-филиали №6-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо хонандагони синфи 5 “а”-и МТМУ №23-шаҳри Хуҷанд дарси кушод таҳти унвони «Китоб сарчашмаи дониш» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар дарси кушод омӯзгорон Азаматова З., Солиева Н., Олимҷонова М., Юсуфҷонова М. ва хонандагони ҳамин муассиса иштирок намуданд. Хонандагон дар рафти дарс бисёр фаъолияти баланд нишон дода, шеърҳо чистонҳо ва гуфтору ҳикояҳо дар васфи китоб ироа намуданд.
Дар охири дар аз тарафи китобдорони китобхона-филиал Норматова С. ва Ёқубова Г. китобҳои нависандаи маъруф Кароматуллоҳи Мирзо ба хонандагон муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки дар китохона-филиалҳои №2, №3, №4 ва №5 низ бо фарогирии хонандагону кӯдакон маҳфилҳои афсонахонӣ, шеърхонӣ, муаррифии китобҳои бачагона, чорабиниҳои фарҳангӣ ва адабӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона