Навниҳоле дар адабиёт
Ҷавони заҳматкаш ва хеле хоксор Наим Маҳкамзод кайҳо боз дар пайраҳаи адабиёт қадам мезанад ва ҳар замон ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои даврӣ чоп мешаванд. Мавзӯи ҳикояҳояш гуногун аст, аммо он воқеаю ҳодисаҳоеро менависад, ки худ аз сар гузаронидааст ва ё шоҳиди онҳо шудааст ва аз ин рӯ табиӣ ва шавқоваранд. Ӯ муҳаббати пок, садоқат, ҷавонмардӣ, ва арзишҳои волои миллиро дар ҳикоёти самимӣ ва мӯъҷазаш тараннум мекунад.
Муаллиф ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ 9 нусха китоби худро, ки бо номи «Ҳасрат» рӯи чоп омадааст ҳадя намуд, то ханандагон аз он истифода намоянд.
«Ҳасрат» маҷмӯаи нахустини адиби ҷавону умедбахш Наими Маҳкамзод аст ва умедворем писанди хонандагони заковатманд мегардад. Китобро дар ҳаҷми 120 саҳифа нашриёти «Анис» нашр намудааст. «Дуои хайр», «Бадрашк», «Пушаймонӣ», «Гумроҳ» чанде аз ҳикояҳои таркиби китоб мебошад.
Китобро хонандагон ва ҳаводорон метавонанд дар шуъбаҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дастрас ва мутолиа намоянд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона