Пандномаи бузургон
Инсон ҳамеша ба тарбия ва донишу омӯзиш ниёзманд аст. Бузургони илму адаби миллати мо ва ҳакимону фарзонагони олам як самти асосии фаъолияти эҷодии худро ба тараннуми ахлоқи ҳамида, васфи некиву накӯкорӣ, инсондӯстӣ, дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми волидайн, арҷгузорӣ ба ба арзишҳои милливу қавмӣ, ҳифзи Ватан, муносибати шоиста ба ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои ахлоқу рафтори ҳамзамонон ва ояндагону пасовандон бахшидаанд. Адабиёти гузаштаву имрӯзаи халқамон пур аз осори тарбиявию ахлоқист ва дар оянда низ ин гуна асарҳо эҷод хоҳанд шуд.
Имрӯз дар ҷомеаи соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон масъалаҳои тарбияи насли рӯ ба камол ба ҷанбаҳои асосии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат табдил ёфтааст.
Ба ҳамин мазмун асари пурарзиши пандуахлоқии дигар, ки фарогири ҳикмату андарзҳои гузаштаву имрӯзаи ватаниву хориҷист, аз тарафи кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ гирдоварӣ, таҳия ва нашр гардид. Муҳаррири масъул ва муаллифи пешгуфтори ин мунтахаби ашъор ва гуфтори пандуахлоқӣ номзади илмҳои филологӣ, Аълочии фарҳанг, матбуот ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов Баҳром мебошад. Фароҳамсозандагони ин китоби пурарзиш Баҳром Мирсаидов, Мунирахон Ҳакимова, Мавзунахон Ҳамробоева, Шодӣ Шарифниё, Мунаввара Ғаффорова ва Манишвар Тоҳирӣ мебошанд.
Китоб «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон» ном дошта, соли 2021 дар нашриёти «Меъроҷ» бо теъдоди 200 нусха нашр гардидааст, ки дорои 196 саҳифа мебошад.
Бо эҳтиром ба ташаббусҳои беназири Сарвари давлат таҳиягарони китоб азм карданд, ки баробари ашъори дилнишин, ҳуруфи ҳакимона, панди рӯзгор, инчунин гуфтори ибратомӯзи Пешвои миллатро доир ба китобу китобхонӣ ба зевари табъ ороста гардонанд.
Китоб фарогири ашъор ва гуфтори пандуахлоқии донишмандону фарзонагон, файласуфону ҳакимон, шоирону нависандагон, ҷомеашиносону сиёсатмадрони бузург, аз ҷумла ҳидоятномаҳои Пешвои халқу миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҳар нафари нуктасанҷу ибратпазир пешниҳод мешавад.
Китоби мазкурро хонандагон ва ҳаводорон метавонанд дар тамоми шуъбаҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баҳри мутолиа дастрас намояд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона