Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

Китоби нав раҳнамост

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз муассисаҳое мебошад, ки сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба мавриди пешаи кории хеш қарор дода, баҳри боз  ҳам баланд бадоштани маънавиёти ҷомеа кушиш менамояд. 

Ҳаминҷо бояд хотирасон шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки  санаи 22-юми декабри соли 2017  ироа гардида буд, соли 2018- ро «Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда буданд.

Ҳамчунин дар Паёми санаи 26-юми декабри соли 2018  ироа намуда, Ҷаноби олӣ  солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Ба ҳамин мазмун кормандони китобхона дар давоми чор соли охир бо истифода аз сарчашмаҳои хаттию электронӣ ва гирдоварию таҳлилӣ мавод тавонистан китоби мукаммали «Мавзеъҳои тахрихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон»-ро омода ва чоп намоянд.

Ин китоб ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва истиқболи 105-солагии Китобхонаи вилотии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ соли 2021 дар нишриёти «Меъроҷ» ба табъ расидааст. Китоб дар ҳаҷми 192  саҳифа таҳия гардидааст.

Муҳаррири масъул ва муаллифи пешгуфтор номзади илмҳои филологӣ, Аълочии фарҳанг, матбуот ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов Баҳром мебошад. Таҳиягарони ин китоби пурарзиш Мирсаидов Баҳром, Ҳакимова Мунирахон, Ҳамробоева Мавзунахон, Шодӣ Шарифниё, Ғаффорова Мунаввара, Рабиева Рокиябону, Ҳафизова Моҳирахон, Қаюмова Манзурахон ва Манишвар Тоҳирӣ мебошанд.

Дар ин китоб доир ба ёдгориҳои таърихӣ, монади қалъаву димнаҳо, мазору обидаҳо, мақбараву масҷидҳо, манораву мадрасаҳо, ёдгориҳои табиат, амсоли боғҳои ботаникӣ, боғҳои истироҳатӣ, мамнӯъгоҳҳо, дарахтони куҳансолу азимҷусса, чашмаҳаи шифобахш, кӯлҳои зебову назаррабо, муассисаву марказҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, чун кохҳову қасрҳо, китобхонаҳову осорхонаҳои машҳур, осоишгоҳҳо ва даҳҳо макону ишооти муҳимму тамошобоб, ки ифодагари  гузаштаи бошукӯҳу  пурифтихори тоҷикон, ҳунари волои ҳандасиву меъморӣ, завқи баланди худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастиву ватанпарварӣ, инчунин бозгӯи дастовардҳои моддиву маънавии Ҷумҳурии соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мебошад,  маълумоти арзишманд фароҳам омадааст.

 Таҳиягарони китоби мазкур бар он талош намудаанд, ки барои рушди сайёҳати дохиливу хориҷӣ ва тарғибу  ташвиқӣ имкониятҳои гардишгарии сайёҳии Ватани азизамон ин китобро  ба унвони раҳнамо омода созанд

Китоб  ҷиҳати дарёфти  иттилооти  муфиду дақиқ барои истифодабарандагони  китобхонаҳо, хонандагону донишҷӯён, муҳаққиқони соҳаҳои таъриху табиатшиносӣ, сайёҳону  дӯстдорони табиат, фарҳангшиносону кишваршиносон ва оммаи васеи дилбандони сарчашмаҳои дониш таҳия гардидааст.

Китоби мазкурро хонандагон ва ҳаводорон метавонанд дар тамоми шуъбаҳои  Китобхонаи  вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баҳри мутолиа дастрас намояд.

  

Шуъбаи табъу нашри Китобхона