10.03.2022 // МАТБУОТ - РУКНИ ҶОМЕА
«Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистони азиз санаи 11-уми март ҳамчун рӯзи таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯзро бештар кормандони ВАО ва рӯзномаву маҷаллаҳо таҷлил менамоянд.
Бояд хотиррасон шуд ки аввалин рӯзномаи миллӣ-тоҷикӣ «Бухорои шариф» ном дошт ва санаи 11-уми марти соли 1912 нашр гардида буд. То имрӯз рӯзномаву маҷаллаҳои давлативу хусусии зиёд ташкил карда шудаанд. Муҳимтарин гузоришҳову хабарҳо, мақолаҳову тақризҳо ва намунаҳои эҷодиёти шоирону нависандагон тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо ба ҳалқ дастрас мешавад.
Ба ҳамин муносибат, санаи 10-уми марти соли равон дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили илмӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Матбуот- рукни ҷомеа» бо иштироки рӯзноманигорон, донишҷӯён, хонандагон ва кормандони китобхона баргузор гардид.
Дар маҳфил Аълочии матбуот, Шоири халқии Тоҷикистон Додохони Эгамзод, сармуҳаррири рўзномаи «Эътиқод», Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Лумониддин Камолиддинов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов, узви Итифоқи нависандагони Тоҷикисон, Аълочи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршеда Содиқова, номзади илмҳои филологӣ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Сурайё Ҳакимова ва хабарнигори рӯзомаи «Тирози ҷаҳон» Таҳмина Аюбова иштирок доштанд.
Маҳфилро собиқадори соҳаи китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов оғоз намуда, ҳамаро ба муносибати 110- солагии Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд ва меҳмононро ба иштирокдорон муаррифӣ карда, ташрифи онҳоро хайрамақдам хонд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ намоиши слайдӣ ва гӯшаи китобиву матбуотӣ ба маърази боздид ва истифодаи меҳмонон қарор дода шуд.
Дар қисмати оғозии маҳфил Аълочии матбуот, Шоири халқии Тоҷикистон Додохони Эгамзод баромад намуда, ҳамаро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик кард ва дар бораи вазъи имрӯзаи матбуот ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба иштирокдорони маҳфил андешаҳои худро баён намуд.
Баъдан сармуҳаррири рўзномаи «Эътиқод», Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Лумониддин Камолиддинов ба сухан баромада, дар бораи рӯзномаҳои давлатӣ ва хусусии замони имрӯз ба аҳли нишаст маълумот дод ва ҳамаро ба ин рӯзи бошукӯҳ табрик намуд.
Сардори шӯъбаи матбуоти даврӣ Ҳусейнова Муҳаббат доир ба таърихи рӯзномаи аввалини тоҷикӣ ва фаъолияти он дар маърӯзаи «Бухорои шариф»-поягузори матбуоти тоҷик» ба иштирокчиён маълумот дод.
Сипас Хуршеда Содиқова узви Итифоқи нависандагони Тоҷикисон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи «Нақши рӯзнома дар дирӯзу имрӯзи ҷомеа» баромад намуда, дар бораи мақоми матбуот дар пешрафти ҷомеа ва вазифаҳои аслии матбуот андешаҳои худро иброз намуд.
Ҳамчунин муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» номзади илмҳои филологӣ, Сурайё Ҳакимова мавзӯи «Ҳақиқати Суғд- оинаи ҳақиқатнамо»-ро, ки доир ба таърихи таъсиси рӯзномаи вилоятии мазкур ва мақоми он дар ҷомеаи имрӯза суҳбат мекард ба ҳозирин ироа дошт.
«Тирози ҷаҳон» 30 сол бо хонандагон» мавзӯи баромаднамудаи хабарнигори рӯзомаи «Тирози ҷаҳон» Таҳмина Аюбова мебошад, ки доир ба фаъолияти 30- солаи ин рӯзнома ба хонандагон ва иштирокдорон ба таври мухтасар маълумот дод.
Дар интиҳои маҳфил устоди МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» собиқадори соҳаи китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов миннатдориии иштирокдоронро ба меҳмонон ва ташкилкунандагони ин чорабинӣ расонид.
Маҳфил дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхона