25.02.2022 // Нависандаи дақиқбини Фаронса
Шоир ва нависандаи фаронсавӣ, драматург, муаллифи машҳури асари “Колисои ҷомеаи модархудои Париж” Виктор Мари Гюго санаи 26-уми феврали соли 1802 дар оилаи генерали армияи Напалеон, шаҳри Безансон ба дунё омадааст. Модараш аз роялистҳо буда, фарзандашро дар рӯҳия ва ақидаҳои сиёсии худ тарбия намудааст, ки ин чиз дар давраи аввали эҷодиёти нависанда беътасир намондааст.
Виктор Гюго аз ҷавонӣ ба шеърнависӣ машғул шуда, дар нахустин маҷмӯаи ашъори худ “Қасидаҳо”(1822) аҳли калисо ва роялҳоро тавсиф кардааст. Дар нимаи солҳои 20-ум ақидаи сиёсиашро якбора тағйир дода, аз романтизми иотиҷоӣ дур мешавад ва дар муқаддимаи драмаи “Кромвел” (1827) ҷасурона ба муқобили намудҳои кӯҳнаю фарсудаи санъат ва “қонуну қоидаҳо”-и маҳдуди классисизм мебарояд. Драмаҳои дигари нависанда “Марион Делорм”(1829), “Шоҳ дилхушӣ мекунад” (1832), “Мария Тюдор” (1833), “Рюи Блаз”(1838), ва ғайра низ аз оҳангҳои эътироз нисбат ба зулму ҷаҳолат саршор буданд. Дар нахустин романи “Колисои ҷомеаи модархудои Париж” (1831) ҳаёти асри 15-и Париж акс ёфта, бар зидди ҳокимияти мутлақи аъёну ашроф ва салтанати рӯҳониён нигаронида шудааст, ки ба нависанда шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Дар солҳои 30-юм маҷмӯаҳои лирикии “Баргҳои хазон”(1831), “Сурудҳои шомгоҳӣ”(1835), “Нидоҳои ботинӣ”(1837), “Нурҳо ва сояҳо”(1840) нашр шудааст. Сипас ба офаридани ашъорӣ сиёсӣ гузашта достони “Афсонаи асрҳо”(1859-83)-ро навишт ва дар охирҳои умраш маҷмӯаи “Ҳунари бобо будан”(1877)-ро эҷод намуд, ки саросар аз ашъори лирикии соддаву дилнишин фароҳам омадааст. Бисёре аз асарҳояш ба монанди “Гаврош”(1938), “Бузургии ғазаб”(1952), “Рӯзи охирини каси маҳкумшуда”(1953), “Сангари хунин”(1952), “Фирдавсӣ”(1969), “Шоҳ форс” ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Виктор Гюго 22-уми майи соли 1885 дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Париж вафот кардааст.
Ба ҳамин муносибат бахшида ба 220-солагии нависандаи фаронсавӣ Виктор Мари Гюго санаи 25-уми феврали соли ҷорӣ кормандони толори кудакону наврасон ва шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омузиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030” таҳти унвони “Нависандаи дақиқбини Фаронса” бо хонандагони синфи 10 “В” –и Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ба номи Насрулоҷон Домулоҷонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таълимӣ маҳфили дӯстдорони китоб гузаронида шуд.
Сараввал омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Юнусова Дилором мақсади маҳфил ва меҳмононро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нависандаи фаронса Виктор Гюго маълумот дод.
Сипас корманди шуъбаи адабиёти хориҷӣ Азизова Дилноза асарҳои “Козетта”, “Гаврош”, “Рӯзи охирини каси маҳкумшуда”, “Инсони чеҳрахандон”, “Колисои ҷомеаи модархудои Париж”- нависандаро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Хонандагони муассиса Қодирова Зарнигор ва Ваҳҳобов Абдураҳмон порчае аз асари нависанда “Козетта” ва “Гаврош” –ро ба хонандагон нақл карданд. Дар рафти маҳфил бозии “Викторина” ташкил карда шуд, ки хонандагон фаъолона иштирок карда, савияи дониши худро мукамал гардониданд.
Инчунин кормандони китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ барои тарғибу ташвиқ намудани хонандагон ба синфҳои 8-9 ташриф оварда хонандагонро ба китобу китобдӯстӣ ба китобхона даъват намуданд. Дар охир иҷрокунандаи ҷонишин оид ба корҳои таълимии МТМУ №20 Исроилов Абдушукур минатдории худро ба садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва ташкилкунандагони ин маҳфил баён намуда, таъкид дошт, ки минбаъд аз тарафи муассиса экскурсияҳо ташкил гардида, хонандагонба мутолиа ҷалб карда мешаванд.
Шуъбаи кӯдакону навросон ва адабиёти хориҷии Китобхона