Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

23.02.2022 // ШАВҚИ МУТОЛИА

Китобхонаи вилоятии оммавии  ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар арафаи 105- солагӣ қарор дорад ва тӯли солҳост, ки ба халқ хизмат намуда, маънавиёти ҷомеаро баланд мебардорад. Ҳарчанд ҷомеа орӣ аз бемору ятим, маъюбу нотавон нест ин даргоҳи илм ҳамаи ин масъаларо ба инобат гирифта, ба хонандагон хизматрасонӣ мекунад.

Шуъбаи хизматрасонии махсус дар китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд ташкил гардидааст. Шуъба дорои китобҳои электронии  бо сабти овозӣ ва бо алифбои Брайлӣ навишташуда  мебошад.

Санаи 23.02.2022  даҳ нафар кӯдакони  «Комплекс кӯдакистон- мактаби махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, хирачашм ва нобино»- и шаҳри Хуҷанд  бо роҳбарии Темурова Ӯғулой  ва Юлдошева Дилбарҷон ба китобхона   омаданд.  Ба онҳо кормандони шуъбаи хизматрасони махсус  хизматрасонӣ намуданд.

Хонандагон  дар китобхона аз шуъбаҳои бачагона, санъат, забонҳои хориҷа, электронӣ, ва хизматрасонӣ дидан намуданд. Ба онҳо аз тарафи кормандони шуъба китобҳои овозӣ шунавонида шуд. Ҳамчунин кӯдакон  дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон  шеърҳо қироат намуданд.

Сафарова Кибриё, ки  ба  маҳдуд будани имкониятҳои худ нигоҳ накарда,  шеърҳои зиёдро  азхуд намудааст,  ин аз шавқи баланди ӯ нисбат ба мутолиа дарак медиҳад.

Кӯдакон миннатдории худро ба Ҳукумати мамлакат  аз ҷумла ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки  ба  маъюбон шароитҳои хуби зиндагиро фароҳам овардаанд ва дар мадди назари хеш  қарор додаанд.  Ҳамчунин ба кормандони китобхона низ барои хизматрасониҳо миннатдории карданд.

 

Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, зеро онҳо низ имконияти хондан дорандва ҳамқадами ҷомеа мебошанд.

 

  Шуъбаи табъу нашри китобхона