Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

18.02.2022 // МУАРРИФИИ АСАРИ ЧОРҶИЛДАИ НАВИСАНДАИ МАЪРУФИ ТОҶИК ДОДОХОНИ ЭГАМЗОД

Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ мунтахаби чорҷилдаи нависандаи маъруфи тоҷик Додохони Эгамзод таҳти унвони «Шукӯҳи Ворух» бо иштироки аҳли илму адаб баргузор гардид.

Дар нишаст мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод, сармуҳаррири рўзномаи «Эътиқод», Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Лумониддин Камолиддинов, дотсенти кафедраи адабиёти муосири Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Субҳони Аъзамзод, сармуҳаррири рўзномаи «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб, нависандаи ҳаҷвнигор Эгамназари Соҳибназар, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ва дигарон дар бораи паҳлуҳои эҷодии нависанда ва китоби чорҷилдаи «Шукӯҳи Ворух» андешаҳои хешро изҳор доштанд.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод нишастро ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки номи рӯзноманигор ва нависандаи варзида Дадохони Эгамзод дар байни аҳли адабу фарҳанги тоҷик ошност. Асари чорҷилдаи нависанда Дадохони Эгамзод номи ӯро бори дигар ба аҳли илму адаб шуҳратёр гардонид.

Дар навбати худ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ низ ба сухан баромада, ташкили чунин як чорабинии бошукӯҳро маҳз аз сулҳу субот ва оромии кишвар дониста, нашри китоби «Шукӯҳи Ворух»-ро ба кулли хонандагон ва ватандӯстон табрик намуд.

Пас аз он, раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода суханронӣ намуда, доир ба чанд нуктаҳои муҳимми китоби тозанашр изҳори назар намуд. Номбурда таъкид дошт, ки дар китоб оид ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Исфара ва зиёратгоҳҳои ин сарзамин маълумоти муфассал оварда шудааст.

Сипас, сармуҳаррири рўзномаи «Эътиқод», Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Лумониддин Камолиддинов дар мавзӯи «Нависанда ва рӯзноманигори тавоно» маърӯза намуда, доир ба фаъолиятии публитсистии нависанда изҳори андеша кард.

Дотсенти кафедраи адабиёти муосири Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Субҳони Аъзамзод таҳти унвони «Чанд сухан оид ба ҷаҳони андешаи нависанда» маърӯзаи худро ироа дошта, доир ба паҳлӯҳои эҷодии нависанда ва осори пурарзиши ӯ сухан гуфт.

Баъд, сармуҳаррири рӯзномаи «Сухани халқ» Абдусабури Абдуваҳҳоб дар мавзӯи «Мулоҳизаҳо аз коргоҳи эҷодии адиб» баромад намуд ва худро дар самти рӯзноманигорӣ шогирд ва дастпари мактаби нависанда донист.

Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром дар мавзӯи «Андешаҳо доир ба асари ёддоштии «Балогардон»-и Дадохони Эгамзод маърӯза намуд. Номбурда зимни суханронӣ доир ба арзиши адабиии асари ёдшуда ибрози назар намуд.

Дар охир, нависандаи маъруф Дадохони Эгамзод меҳмонон ва аҳли нишастро ба ин чорабинӣ хайрамақдам гуфта, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ кард. Номбурда афзуд, ки дар оянда тасмим гирифтааст, ки доир ба таърих, урфу одат ва анъанаҳои мардуми Ворухзамин асари хонданибоберо омодава нашр менамояд.




Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ