Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

15.02.2022 // АЛҲАЗАР АЗ ҒОЯҲОИ ХАТАРНОКУ БЕБУНЁД

Дар солои охир дар саросари дунё гурӯҳҳои терористиву эктремистӣ ва манфиатхоҳ зиёд гардида, фаъолияти худро тавассути сомонаҳои интернетӣ пеш бурда, ҷавононро ба доми худ меафкананд ва ба халқу миллати хеш душман месозанд. Бо мақсади пешгирӣ ва фаҳмондадиҳии ҷавононону наврасон санаи 15.02.2022 дар толори Коллеҷи тиббӣ-техникии шаҳри Хуҷанд сӯҳбат бо иштироки намояндаи дин, домуллои масҷиди Тақво Икромов Аҳадхон Акрамович ва сардори шуъбаи ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонон ва наврасони ШКД шаҳри Хуҷанд Толибзода Маҳмудҷони Толиб вохурӣ доир гашт.

Бояд ёдовар шуд, ки чорабинии мазкур таҳти унвони «Алҳазар аз ғояҳои хатарноку бебунёд» бо ҳамкории кормандони китобхона-филиали №5-и Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва муовини директор оид ба тарбия дар муассисаи мазкур Дониёрова Ф. гузаронида шуд. Дар чорабинӣ бахшида ба мавзӯъ аз тарафи кормандони китобхона-филиал намоиши китобӣ ва матбуотӣ ташкил гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллат ва идомадиҳандаи кору пайкори неки ниёгон мебошанд. Пас ҷавононро месазад ба ин гуфтаҳо содиқ бошанд ва барои баланд бардоштани обрӯи халқу миллати хеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон доир ба аз байн бурдани ин падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятсодиркуниҳо дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ, тарғиби одоби шоистаи инсонӣ суханронӣ намуданд. Ба иштирокдорон пешниҳод гардид, ки барои ба ҳар гуна роҳи бад нарафтан бояд инсон соҳиби савод ва аз пайи мутолиа бошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ музокираи аҳли нишаст баргузор гардид ва хонандагон ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ ҷавобҳои дақиқ гирифтанд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона