27.01.2022 // МАҲФИЛИ ДӮСТДОРОНИ КИТОБ: ЧЕҲРАПАРДОЗИ ОЛАМИ АҶОИБОТ
Нависандаи англис, риёзидон ва файласуф Люис Кэрролл 27-уми январи соли 1832 дар деҳаи Дарсберии Англия ба ҷаҳон омадааст. Нависанда то синни 12-солагиаш дар Мактаби граматикии хусусӣ таҳсил намуда, баъдан соли 1845 ба Мактаби давлатии ба номи Рагби дохил шудааст. Вай соли 1850 Коллеҷи Крайст-Черч, ки ба Донишгоҳи Оксфорд тобеъ аст, аз рӯи ихтисоси математика хатм намуда, дар ҳамон муассиса ҳамчун омӯзгори лектор фаъолият бурдааст.
Роҳи эҷодиашро аз таълифи асарҳо оғоз намудааст, ки «Силви ва Бруно», «Аллен Браун ва Карр», «Сангпушт ба Ахилл чӣ гуфт?», «Ҳикояҳо», «Вазифаҳои нисфи шаб», «Шикори Снарк» ва ғайра аз қабили онҳоянд. Ӯ соли 1865 асари «Алиса дар олами аҷоибот» ва соли 1871 асари дигари худ «Алиса дар Оиназамин», ки ба духтарчаи дӯсташ Генри Лидделл бахшида шудааст, рӯи чоп овард.
Нависанда Люис Кэрроллро асосан асарҳои бачагонааш «Алиса дар олами аҷоибот» ва «Алиса дар Оиназамин» ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Вай 14-уми январи соли 1898 дар шаҳри Гилфорд дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.
Бахшида ба 190-солагии нависандаи англис, риёзидон ва файласуф Люис Кэрролл санаи 27-уми январи соли 2022 бо иқдоми кормандони толори кӯдакон ва наврасон ва шуъбаи адабиёти хориҷӣ дар доираи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030» дар толори кӯдакон ва наврасон маҳфили дӯстдорони китоб таҳти унвони «Чеҳрапардози олами аҷоибот» бо иштироки хонандагони синфи 10-и Литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.
Китобдори дараҷаи №1-и шуъбаи адабиёти хориҷӣ Дилноза Азизова маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, хонандагонро ба мутолиаи китоб даъват намуд.
Сипас, мудири толори кӯдакон ва наврасон Дилрабо Собирова дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нависандаи англис Люис Кэрролл маълумот дода, якчанд асарҳои нависандаро ба хонандагон муаррифӣ кард. Номбурда таъкид дошт, ки асарҳои нависанда дар махзани китобхона мавҷуд буда, хонандагон имкон доранд, ки китобҳоро дастрас ва мутолиа намоянд.
Баъдан хонандагони синфи 10-уми Литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи Муҳаммад Осимӣ Диловар Усмонов, Аъзамҷон Усмонов ва Шоҳина Раҳматова порчае аз асари нависанда «Алиса дар олами аҷоибот»-ро нақл намуда, доир ба симо ва образҳои асар маълумоти мухтасар доданд.
Дар навбати худ хонандагони Литсей Муҳаммад-Тӯра Ӯрунов ва Озода Ғафурова доир ба асарҳои бадеии мутолиакардаашон ба хонандагон маълумот дода, ҳамдарсони худро ба хондани китобҳои бадеӣ даъват намуданд.
Китобдори китобхонаи Литсейи мазкур Сурайё Олимова миннатдории худро ба кормандони китобхона барои ташкили чунин маҳфили бошукуҳ баён намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ хонандагони муассиса таҳти роҳбарии ӯ дар дигар чорабиниҳои китобхонаи вилоятӣ ширкат меварзанд ва донишу маърифати худро сайқал медиҳанд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ