Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

19.01.2022 // МАҲФИЛ: АФСОНАНИГОРИ АНГЛИС

Нависандаи англис, шоир ва драматург Алан Александр Милн 18-уми январи соли 1882 дар шаҳри Лондон ба дунё омадааст. Ӯ дар мактаби хусусие, ки роҳбараш падараш Дҷон Милн буд, таҳсил намудааст. Баъдан ба мактаби Вестминстрекс дохил шуда, баъдан солҳои 1900-1903 Коллеҷи Кембриджро аз рӯи ихтисоси математика хатм кардааст. Роҳи эҷодиашро аз навиштани асарҳо ва романҳо оғоз намудааст, ки намунаи беҳтарини онҳо “Буд набуд дар як вақт” (1917), “Мистер Пим” (1921), “Сирри хонаи сурх” (1922), “Хлои Марр” (1946), “Портрет Лидии”, “Дарё”, “Харгӯши шаҳзода” ва ғайра мебошад. Вале дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ нависанда асосан аз рӯи беҳтарин афсонаи бачагона “Винни пух ва дӯстони ӯ” шинохта гардид.

МАҲФИЛИ АФСОНАНИГОРИ АНГЛИС

Нависандаи бузург 31-уми январи соли 1956 дар шаҳри Хартфилдедар синни 74-солагӣ бо бемории фалаҷ ин ҳаётро падруд гуфт.

Бахшида ба 140-солагии нависандаи англис, шоир ва драматург Алан Александр Милн бо ташаббуси кормандони толори кӯдакон ва наврасон ва шуъбаи адабиёти хориҷии китобхонаи вилоятӣ дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030” таҳти унвони “Афсонанигори англис” бо ҷалби хонандагони синфи 3 “г”-и Гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалил маҳфили афсонахонӣ баргузор гардид.

МАҲФИЛ:  АФСОНАНИГОРИ АНГЛИС

Сараввал, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Мадина Юлдошева ба сухан баромада, хонандагонро аз мақсади баргузории маҳфил ошно намуд. Сипас, мудири толори кӯдакон ва наврасон Дилрабо Собирова дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нависандаи англис А.А.Милн маълумот дод.  Ҳамзамон, номбурда порчае аз афсонаи “Винни пух ва дӯстони ӯ”-ро ба иштирокчиён нақл кард.

Дар навбати худ хонандагони синфи сеюми гимназия Сумайя Наҷмиддинова, Сумайя Шамсиева ва Муҳаммадҷон Сангинов дар бораи симо ва сифатҳои қаҳрамонҳои афсона ба тамошобинон маълумоти мухтасар доданд.

МАҲФИЛИ АФСОНАНИГОРИ АНГЛИС

Сипас, аз ҷониби китобдори шуъбаи адабиётҳои хориҷӣ Дилноза Азизова китобҳои тозанашр ба хонандагон муаррифӣ гардид. Номбурда хонандагонро ба китобхониву китобхона даъват намуда, афзуд, ки дар китобхона чунин маҳфилҳо зиёд баргузор мегарданд ва иштироки хонандагон боиси сарфарозии ҳар як корманди китобхона мебошад.

МАҲФИЛИ АФСОНАНИГОРИ АНГЛИС

Дар идомаи маҳфил Мадина Мирраҳимова, Фарзона Пӯлотова, Сарвиноз Абдуваҳобова ва Абӯбакр Юнусов мазмун ва муҳтавои китобҳои мутолиакардаашонро ба таври мухтасар баён намуданд. Инчунин, ҳамаи хонандагон порчаеро дар ситоиши дӯстӣ аз нависандаи мазкур ба таври хор иҷро намуданд.

МАҲФИЛИ АФСОНАНИГОРИ АНГЛИС

Дар охир омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Мадина Юлдошева миннатдории худро ба ташкилкунандагони маҳфил баён дошта, таъкид кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои ошно гардидани хонандагон бо адибони бузурги олам заминагузор буда, барои ғанӣ гардидани дониши онҳо мусоидат менамояд.

Маҳфил хело пуршукуҳ ва шавқовар ба анҷом расид.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ