КИТОБИ ТОЗАНАШР: «ЧИҲИЛ ДАРСИ КАМОЛ»-И СУРАЙЁ ҲАСАНСУЛТОН
Ҷашни 700-солагии султони шоирон Камоли Хуҷандӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуд. Ба ин муносибат китоби «Чиҳил дарси Камол»-и Сурайё Ҳасансултон соли 2020 ба табъ расид. Китоб дар нашриёти «Хуросон» бо ороиши зебо ва сифати баланд нашр гардида, фарогири 84 саҳифа мебошад. Он шомили 40 мухаммас бар ғазалҳои шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ аст.
Намуна аз мухаммас:
Дили мо ошиқи шайдост, гуфтам,
Дили санги ту аз хорост, гуфтам,
Ҳадиси қиссаро кайҳост, гуфтам,
«Туро бар дидаи ман ҷост, гуфтам,
Ки ин ҷӯю ту сарве рост, гуфтам».
Ту теғи чашми худро кардаӣ рост,
Нигоҳат аз нигоҳи ман чӣ мехост?
Ду абрӯ сӯи ин дил нағма орост,
«Лабат гуфт: - Аз туам ҷон аст дархост,
Маро аз туст ин дархост гуфтам».
Чи саҳлу сода дилро мерабоӣ,
Ту банди мушкилам осон кушоӣ,
Чӣ майли хеш пинҳон менамоӣ?
«Даҳонат бар дилам гуфто: Куҷоӣ?
Ки пайдо нестӣ? Пайдост гуфтам».
Қарори дил бувад дар беқарорӣ,
Аҷаб лаззат бувад дар интизорӣ,
Туро азмест гар дар кори ёрӣ,
«Дилат ку, гуфт, то бо ман супорӣ?
Агар дил нест, ҷон барҷост, гуфтам».
Ту ақлу ёди мо ҳам бурдаӣ ҷуфт,
Дили моро дигар соҳиб шудӣ муфт,
Зи ҳиҷронат чӣ гуна метавон хуфт?
«Ба танҳоӣ ба сар чун мебарӣ, гуфт?
Хаёлат рӯзу шаб бо мост гуфтам».
Чӣ парвое агар танҳост маҳтоб,
Шумори ахтарон ёбам, ту дарёб,
Зи ишқи ту шарафёбам, шарафёб,
«Зи ман пурсид: Ҳаргиз мекунӣ хоб?
Накардам ин гунаҳ шабҳост, гуфтам».
Муҳаббатномаро гар нест поён,
Ба се нуқта гузорам ҷамъи ҳиҷрон,
Сурайёро ғами ту кард сарсон,
«Камол ин дардро гуфтӣ, чӣ дармон?
Намедонам Худо доност гуфтам».
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ