Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

01.12.2021 // НАМОИШИ КИТОБИЮ МАТБУОТӢ: МУБОРИЗА БА ЗИДДИ ВНМО - ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) як навъ бемории шадиди сироятӣ аст. ВНМО аз бемориҳоест, ки оқибати нохуш дорад. Имрӯз бемории мазкур дар тамоми давлатҳои дунё ба чашм расида, он боиси нигаронии ҷоемаи ҷаҳонӣ гардидааст. Зеро тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба пешгирии ВНМО дар дунё айни замон зиёда аз 36 миллион нафар сироятёфтагони ВНМО зиндагонӣ мекунанд. Аз оғози эпидемия то имрӯз ВНМО омили фавти беш аз 30 миллион нафар одамони сайёра шудааст.

Мутаассифона, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нафарони гирифтор ба ин беморӣ ба чашм расида, ҳар сол аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати коҳиш додани бемории мазкур тадбирҳои зиёде андешида, барои татбиқи онҳо  саъю кӯшиш намуда истодааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» аз 28-уми  декабри соли 2005, таҳти №105 гуфтаҳои моро тақвият мебахшад.

ВНМО соли 1983 дар ду лаборатория кашф гардидааст. Бояд зикр кард, ки шахсони аз ВНМО сироятёфта низ мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи хондан, кор кардан, доштани манзил, таъминоти моддӣ ва гирифтани ёрии тиббиро доранд.

Шахсони ба ВНМО сироятёфта дар баробари кӯмак гирифтан аз давлат инчунин, ба кӯмаки шахсони наздик ва ёру дӯстонашон низ ниёзманданд.

Санаи 1-уми декабр ҳамасола дар дунё Рӯзи мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин сана бо ташаббуси кормандони шуъбаи китобҳои тиббии китобхонаи вилоятӣ Шоира Дадоҷонова ва Мадина Раҳматова намоиши китобию матбуотӣ таҳти унвони «Мубориза бар зидди ВНМО – василаи ҳимояи солимии ҷомеа» ташкил гардид, ки аз он хонандагон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва дигар истифодабарандагони фаъоли китобхона дидан намуданд.


Зоҳир Намозов,
корманди Китобхонаи вилоятӣ