Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

КИТОБДОРОН ТАРҒИБГАРОНИ МАЪРИФАТАНД

Китобдорони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баробари фаъолият дар ҳудуди муассиса ва тарғиби китобу сарчашмаҳои дониш дар ҷойи доимии кор, инчунин дар дигар муассисаву коргоҳҳо ва минтақаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ба ташвиқу муаррифии имкониятҳои китобхона машғуланд.

КИТОБДОРОН ТАРҒИБГАРОНИ МАЪРИФАТАНД

Бо мақсади идомаи чунин ташаббусҳои наҷиб китобдорон давоми моҳҳои октябру ноябри соли равон ба муассисаҳои маориф, амсоли кўдакистонҳо, мактабҳои давлативу хусусӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои тиббии давлатию хусусӣ, коллеҷҳои тиббиву омўзгорӣ, литсейҳои касбию техникӣ, идораи рўзномаву маҷаллаҳо, кумитаи маҳаллаҳо, марказҳои савдо ва хонаву ҳавлиҳои истиқоматии сокинон рафта, аҳолиро бо реҷаи кор, тарзи фаъолият, шумораи умумии китобу таркиби махзани китобӣ, теъдоди шуъбаҳову китобхона-филиалҳои дар ҳудуди шаҳр амалкунанда, махзани матбуоти давраӣ, обунаи ҳарсола ба рўзномаву маҷаллаҳои ватаниву хориҷӣ, хазинаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, бахши электронӣ, мавҷудияти Интернети ройгон, толори ҳамешаамалкунандаи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», толорҳои «Хониш», «Кўдакону наврасон», «Хизматрасонии махсус», «Илмӣ-таълимӣ», «Китобхонаи китобшиносӣ» ва дигар имконияту шароити муассиса шинос намуданд.

КИТОБДОРОН ТАРҒИБГАРОНИ МАЪРИФАТАНД

Дар баробари ин, ба роҳбарони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва ба сокинон варақаҳои таблиғотии бо ороиши диққатҷалбкунанда интишоргардидаро тақсим намуданд.

Садорат ва ҷомеаи меҳнатии муттафиқу ташаббусори китобхона ба таври доимӣ ин тадбири судмандро идома бахшида, барои ҷалби ҳарчи бештари хонандагону истифодабарандагон ва хизматрасонии босифати китобию иттилоотӣ талош хоҳанд кард.

 

Маъмурияти китобхона