30.09.2021 // МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ «ОРИФИ МАШРИҚЗАМИН»
(ба муносибати таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ)
Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ санаи 30-юми сентяюри соли 2021 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таҳти унвони «Орифи Машриқзамин» маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил устодон, докторантон, магистрантон, донишҷӯён, китобдорону китобшиносон ва дӯстдорони ашъори ноби шоир иштирок намуданд.
Маҳфилро директори китобхона, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Баҳром Мирсаидов оғоз намуда, раёсати маҳфилро ба иштирокчиён ошно намуд. Номбурда кулли иштирокчиёнро бо Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки баробари ба Истиқлолияти милливу давлатӣ ноил шуданамон тадриҷан дар ҳама соҳа мо ба бознигариву азнавсозӣ ва эҳёи анъанаҳои илмиву фарҳангӣ рӯ овардем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории солҷашнҳои гиромидошти афроди барӯманд ва мутафаккирони сатҳи ҷаҳонӣ мисли Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон барои дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик талошҳои судманд дорад. Дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст. Боиси хушнудист, ки соли 2007 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоламон - Тоҷикистон ва ҷаҳон Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ ба муносибати 800-умин солгарди ин шоиру мутафаккири барҷаста баргузор гардид. Ба ин муносибат соли 2012 китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси хонандагон гардонида шуд. Муҳимтар аз ин, ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ аз диди замони нав бо арҷгузории арзишҳои милливу фарҳангӣ ва умумибашарӣ баҳогузорӣ шудааст. Ин ҳама навнигарӣ ва тозанигориҳо аз он дарак медиҳад, ки диди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат нисбат ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, балки нисбат ба аксари фарзандони фарзонаи миллат диди васеъ ва аз ҳар ҷиҳат омӯхтанӣ ва таҳқиқкарданӣ ба шумор меравад.
Дар навбати худ муовини директор оид корҳои илмӣ-методӣ Мавзуна Ҳамробоева дар мавзӯи «Мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ» ба сухан баромада, доир ба осори гаронбаҳо ва мондагори шоир ибрози назар намуд. Номбурда таъкид кард, ки Ҷалолиддини Балхӣ бо асарҳои хеш ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамс» ё «Девони кабир», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» аз осори гаронмояи ӯ маҳсуб мешаванд. Сипас ӯ аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно чанд ҳикояҳои кутоҳ ва ҳикматомезро нақл намуд. Вай афзуд, ки аз осори Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дарк намудан мумкин аст, ки ки ӯ оид ба масъалаҳои мухталиф ибрози ақида карда, инсонро ҳамчун меҳвари асосии эҷодиёти хеш қарор додааст. Мавлоно дар осори хеш некиву некӯкорӣ, вафодорӣ, шафқат бар заифон, эҳтироми худ ва дигарон, саховату каромат, эҳсон, ростӣ, адолати иҷтимоӣ, хоксорӣ ва ѓайраро тарѓиб намуда, дар баробари инҳо мазамматгари ахлоқи бад аз қабили ҳасад, ҷангҷӯӣ, молу ҷоҳпарастӣ, ҳирсу тамаъ, ришвакорӣ, бадбинӣ ва амсоли он мебошад.
Сипас, сардори шуъбаи табъу нашри китобхона Манишвар Тоҳирӣ дар мавзӯи «Муқоисаи «Куллиёти Шамс» бо «Девони Султон Валад» суханронӣ кард. Дар маърӯза зикр гардид, ки Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ дар рушди маънавии писараш Султон Валад таъсири бузурге гузошта, бо ғазалҳои пуршӯри орифонааш тавонистааст, ки писари меҳтари хешро ҳам ба шӯру шавқ биоварад ва ӯро ҳамчун раванда ва давомдиҳандаи роҳи хеш ба эҷоди осори адабӣ, ирфонӣ, таълимӣ ва ахлоқӣ водор созад. Унсу улфат ва муносибати тарафайни ин ду намояндаи адабиёти форсии тоҷикӣ на фақат бар муносибати хонаводагӣ-падариву писарӣ, балки бар асоси муносибатҳои илмиву адабӣ ва маънавӣ-устодиву шогирдӣ сурат мегирифт. Муқоисаи «Куллиёти Шамс» ва «Девони Султон Валад» нишон медиҳад, ки Султон Валад дар пайравии падараш на бо мақсади табъозмоӣ ва нишон додани ҳунари шоирӣ, балки барои худро аз ҳар ҷиҳат ба падари орифаш монанд кардан ғазалу қасида, рубоӣ ва дигар жанрҳои лирикӣ навишта, девон тартиб додааст.
Сипас китобдори шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зуҳро таҳти унвони «Орифи роҳи Ҳақ» осори гаронмояи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро хулосаи китобшиносӣ намуд.
Сардори толори кӯдакон ва наврасон Дилрабо Собирова, сардори шуъбаи санъат ва варзиш Машҳура Умарова ва корманди китобхона Ҷумъадилло Қодиров аз ашъори дилписанди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чанд намуна қироат намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён хуш истиқбол гардид.
Дар қисмати поёнии маҳфил собиқадори соҳаи китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов барои ташкили чунин маҳфили зебо ба маъмурияти китобхона ва кулли китобдорону китобшиносон изҳори миннатдорӣ баён дошт.
Маҳфил бо тамошои филми «Дидор бо Мавлоно», ки инъикосгари зиндагиномаи мухтасари мутафаккир, музейи байналмилалии Мавлоно ва оромгоҳи шоир буд, ба анҷом расид.
Ҳамчунин ба ин муноссибат дар долони китобхона намоиши китобӣ-матбуотӣ таҳти унвони «Ало, девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт...» ташкил гардида буд, ки дар он осори шоир ва таҳқиқотҳои анҷомдодаи муҳаққиқон, донишмандон ва олимони ватаниву хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ