22.09.2021 / Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ
Ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Бо мақсади самараноку таъсирбахш ташкил кардани Рӯзи Рӯдакӣ маъмурияти китобхона ва китобдорон илова бо омодасозии намоиши бошукӯҳи китобию матбуотӣ, намоишҳои слайдӣ ва дигар тадбирҳои соҳавӣ маҳфили илмӣ-адабии «Рӯдакӣ-султони шоирон»-ро баргузор намуданд. Дар маҷлис намоянда аз Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Азимов Абдумавлон, собиқадори соҳаи китобдорӣ, устоди кафедраи китобшиносӣ ва китобхонашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак. Б.Ғафуров» Нодирҷон Солиҷонов бо донишҷӯёни факултаи мазкур ва хонандагони доимии китобхона иштирок доштанд. Маҳфил бо намоиши слайдӣ ва лаҳзаи филми «Қисмати шоир», ки дар он устод Рӯдакӣ заҳмати эҷоди чандинсола дар даст ба ҳаводорони китобу маърифат паёмрасонӣ мекунад, ба таври рамзӣ оғоз гардид.
Директори китобхона Баҳром Мирсаидов маҳфилро ифтитоҳ намуда, дар хусуси арзишу аҳамияти осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ ва ҷойгоҳу мақоми ӯ дар адабиёт маърӯза намуд. Муовини директори Китобхона оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна дар мавзӯи «Осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар фазои маҷозӣ» суханронӣ намуда, ҳозиринро бо контенту сомонаҳое, ки дар он осори устод Рӯдакӣ ҷой дода шудаанд, ошно намуд. Китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳафизова Моҳира китобҳои дар махзани китобхона будаи падарсолори шеъри тоҷику форс устод Рӯдакиро тариқи слайдӣ хулосаи китобшиносӣ намуд.
Собиқадори соҳаи китобшиносӣ, устоди кафедраи китобшиносӣ ва китобхонашиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак. Б.Ғафуров» Солиҷонов Нодирҷон бобати аҳамияти омӯхтани фанни библиографияи кишваршиносии асарҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷаҳонгир будани назми оламтоби ӯ назари хешро баён намуд.
Намоянда аз Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Азимов Абдумавлон ташаббусҳои неки китобдоронро ҷонибдорӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамаи мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва бояд вафодории худро бо амалу рафтори некамон исбот созем. Ҳамчунин мавсуф аҳли нишастро бо Рӯзи Рӯдакӣ таҳният намуда, якчанд китобдоронро бо Сипосномаву тӯҳфаҳои хотирмони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ намуд.
Дар фарҷоми маҳфил корманди китобхона, ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Қодиров Ҷумъадилло аз ашъори Рӯдакӣ порчаҳо қироат намуд.