Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

2.07.2021 / МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНА

Санаи 2-юми июли соли 2021 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид. 

1

Дар маҷлис роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, собиқадори соҳаи китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов, раиси ташкилоти ибтидоӣ - директори китобхона Баҳром Мирсаидов ва кормандон – аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Инчунин, ба ин муносибат таҳти унвони «Ҳизби раҳнамои халқ» намоиши китобию матбуотӣ ташкил карда шуд, ки аз он меҳмонон ва хонандагони фаъоли китобхона дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Маҷлисро директори китобхона Баҳром Мирсаидов ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи меҳмононро ба махзани илму хирад ва маърифат - китобхона хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо рӯзномаи маҷлис ошно   намуд.

Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов шунида шуд. Номбурда аз саҳми кормандони китобхонаро дар баргузории интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳар як аъзои ҳизб бо шукргузорӣ аз осоиштагиву ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ дар тарғибу ташвиқии ғояҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.

Баъд аз он аз рӯи масъалаҳои дуюм, сеюм ва чоруми маҷлис ҳайати нави Раёсати  ташкилоти ибтидоӣ, раиси ташкилоти ибтидоӣ, гурӯҳҳои кории назди ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Сипас, роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар  ба сухан баромада, афзуд, ки дар ободӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело назаррас аст. Мардуми сарбаланди тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар дарк намудаанд, ки пойдории сулҳу оромӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндаги мардум яке аз рисолатҳои наҷиби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ӯ аъзоёни ҳизбро ба якдиливу ҳамгироӣ ва муттаҳидӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки ҳамаи мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем ва бояд вафодории худро бо амалу рафтори некамон исбот созем.

Ҳамчунин аз ҷониби меҳмонон доир ба фаъолияти минбаъдаи ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар китобхона дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.

Директори китобхона Баҳром Мирсаидов ба меҳмонон китобҳои «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ - 2021» ва «Бузургон ва қаҳрамонони миллати тоҷик»-ро туҳфа намуд. 

Сипас, меҳмонон фаъолони ҳизб - саркитобдори бахши электронӣ Наргиса Охунова ва китобдори дараҷаи якуми толори хониш Сурайё Усмоноваро бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ намуданд.

Собиқадори соҳаи китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов дар охир аз номи маъмурияти китобхона бори дигар меҳмононро хушомадед гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо ва кормандони китобхона комёбиҳои беназирро орзу намуд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ