1.06.2021 / НАМОИШИ КИТОБӢ-МАТБУОТӢ: КӮДАКОН - ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ!
(бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон)
«Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон яке аз қадимтарин идҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Қарори баргузории он соли 1925 дар Конфронси умумиҷаҳонии некӯаҳволии кӯдакон дар Женева қабул карда шуд. Чаро тасмим гирифта шуд, ки ин иди кӯдакон 1 июн таҷлил карда шавад? Соли 1925, консули генералии Чин дар Сан-Франсиско як гурӯҳ ятимони чиниро ҷамъ карда, барои онҳо ҷашни Дуан-ву жи (фестивали заврақи аждаҳо)-ро ташкил кард, ки санаи он ба 1 июн рост омад. Хушбахтона, он рӯз ба вақти конфронси «кӯдакон» дар Женева рост омад.
Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ соли 1949 дар Париж Конгресси занон баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни конгресс изҳорот қабул карданд, ки барои таъмини сулҳи пойдор ва ба хотири таъмини ягонагии кафолати хушбахтии кӯдакон мубориза баранд ва худи ҳамон сол дар сессияи Москвагии Шӯрои Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон ҷашни имрӯза муқаррар карда шуд. Соли 1950, 1 июн аввалин Рӯзи байналмилалии кӯдакон баргузор шуд, ки пас аз он ин ид ҳар сол таҷлил карда мешавад. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - ин пеш аз ҳама, огоҳӣ ба калонсолон дар бораи эҳтироми ҳуқуқи кӯдакон ба ҳаёт, озодии ақида ва эътиқод, таълим, истироҳат ва фароғат, муҳофизат аз зӯроварии ҷисмонӣ ва равонӣ, муҳофизат аз истисмори меҳнати кӯдакон ҳамчун шароити зарурӣ барои ташаккули ҷомеаи башардӯстона ва одилона мебошад.
Дар соли 1959, СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард, ки дар он мақолаҳо аз волидон, мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ҳукуматҳо ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ташвиқ карда шуданд, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳои кӯдаконро барои риоя намудан сайъ кунанд. Эъломия танҳо хусусияти тавсиявӣ дошт ва ҳатмӣ набуд.
Некӯаҳволӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи СММ қарор дошт ва яке аз санадҳои асосии Ассамблеяи Генералии СММ ин ташкили Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) буд, ки айни замон механизми асосии кӯмаки байналмилалӣ ба кӯдакон мебошад.
Аввалин ва ҳуҷҷати асосии байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кӯдак дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ баррасӣ шудааст, ин Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак буд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 қабул шудааст.
Ҷумурии Тоҷикистон Конвенсияро 26 ноябри соли 1993 ба тасвиб расонидааст ва ба ҳар як кӯдаке, ки дар қаламрави он қарор дорад, тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинигардидаро эътироф ва таъмин менамояд. Дар ин давра бо мақсади таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак, ки самти афзалиятноки сиёсати давлат ва бо мақсади таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад дар ҷумҳурӣ дар ин соҳа чорахои дахлдор андешида шудаанд. Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.
Ҳамасола рӯзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилаии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар саҳни Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиши калони китобиву матбуотӣ таҳти унвони “Кӯдакон - ояндаи дурахшони миллат» ташкил карда шуд.
Аз намоиш хонандагони синфи 3-и Мактаби хусусии Рустамов таҳти роҳбарии Самия Ғаффорова, хонандагони синфи 3 а-и Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил, хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи №12-и шаҳри Хуҷанд зери роҳбарии Дилрабо Ниёзова, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи шаҳр, сокинон ва дигар кормандони касбу кори гуногун дидан намуда, иқдоми кормандони китобхонаро хуш истиқбол намуданд.
Инчунин, аз тарафи хонандагони Мактаби хусусии Рустамов Марям Дадҷонова, Маҳкамзода Абдурахмонова, Мутриба Қаюмова, Фариза Раҳматова, Мӯҳсинҷон Абдуллоев, Абдуллоҷон Мӯҳсинов, Сафия Ахмедова дар васфи Ватан, сулҳ, Тоҷикистон, Пешвои миллат шеърҳо қироат намуданд. Ҳадаф аз ташкили чунин намоиш ҷалби кӯдакон ба китобхониву китобхона ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо нисбат ба китоб ба шумор меравад. Зеро, кӯдакон ояндаи дурахшони миллат мебошанд ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат аст.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ