20.05.2021 // НАМОИШИ КИТОБӢ: ШОИРИ ОЗОДА ВА ДИЛДОДА
(бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ ва оғози машварати омӯзишии адибони ҷавони Тоҷикистон)
Санаи 20-уми майи соли 2021 дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии маркази вилоят бахшида ба 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ ва оғози машварати омӯзишии адибони ҷавони Тоҷикистон чорабинии адабию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, адибон, муҳаққиқон, олимон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, хонандагони мактабҳои миёна, аҳли ҳунару эҷод, кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, кормандони касбу кори гуногун ва дӯстдорону алоқамандони ашъори устод Лоиқ Шералӣ иштирок намуданд.
Ба ин муносибат дар долони Қасри ҷавонони бо номи Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси кормандони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиши калони китобӣ таҳти унвони «Шоири озода ва дилдода» ташкил карда шуд.
Дар намоиш осори дар солҳои гуногун нашргардидаи устод Лоиқ Шералӣ ва дар қисмати дигари он китобҳо вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат» ба маърази тамошо гузошта шуд.
Пеш аз оғози чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, адибон, муҳаққиқон, олимон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, хонандагони мактабҳои миёна, аҳли ҳунару эҷод, дӯстдорону алоқамандони шеъри ноб, меҳмонон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дӯстдорону алоқамандони шеъри устод Лоиқ Шералӣ аз намоиши китобӣ дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.
Шуъбаи табъу нашри
Китобхонаи вилоятӣ