6.04.2021. МАҲФИЛИ ШЕЪРХОНӢ: ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО
(бахшида ба 110-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, устод Мирзо Турсунзода)
Шоири шинохта, ходими давлатию ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаротоғи водии Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) ба дунё омадааст. Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонида, пас аз он ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва, муддате, дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин (ҳозира Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ) адои хидмат кардааст.
Нахустин шеърҳои ӯ «Байрақи зафар» соли 1932, инчунин достонҳои ӯ «Ба эҷодкорам», «Манзараҳои Хуҷанд», «Водии Ҳисор», «Қиссаи Ҳиндустон», «Аз ганг то Кремл», «Ҳасани аробакаш» ва ғайраҳо соли 1934 ба табъ расидаанд. Номбурда соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро бар уҳда доштааст. Соли 1939 раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит), соли 1943 сардори Раёсати санъати Шӯрои Кумитаи халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1946 то поёни умр раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Намунаи барҷастаи осори ӯ силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947) аст, ки зодаи таассуроти сафари ӯ ба Ҳиндустон мебошад. Беҳуда нест, ки соли 1948 барои қисми якуми силсилаи мазкур («Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас») шоир сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардидааст.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёт, драматургия ва театри тоҷик як силсила мақолаву рисолаи адабию танқидӣ ва дар мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публитсистӣ навиштааст.
Асарҳои алоҳидаи А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А.Некрасов, Ҷамбул, Ш.Руставели, Ш.Рашидов, Зулфия ва дигаронро басо моҳирона ба тоҷикӣ тарҷума намудааст.
Шоири ширинсухан санаи 24-уми сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе аз дунё гузашт.
Беҳтарин саҳифаҳои эҷодиёти шоири ватанпарвар Мирзо Турсунзода дар васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Шоир ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.
Бахшида ба 110-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, устод Мирзо Турсунзода санаи 6-уми апрели соли 2021 дар шуъбаи толори кӯдакон ва наврасон бо иштироки хонандагони синфи 7-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Хуҷад таҳти роҳбари омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Мадина Донёрова таҳти унвони «Вассофи сулҳу дӯстии халқҳо» маҳфили шеърхонӣ баргузор гардид.
Сараввал, мудири толори кӯдакон ва наврасон Дилрабо Собирова маҳфилро оғоз намуда, хонандагонро бо 110-солагии устод Мирзо Турсунзода табрик гуфт. Сипас, хонандаи синфи 7 «а» Яҳёзода Марзияхон аз ҳаёт ва фаъолияти ин шоири ширинбаён маълумоти муфассал дод.
Дар рафти маҳфил хонандагон Ганҷина Неъматуллоева, Муҳаррам Пардаева, Нодирахон Охунова ва Яҳёхоҷа Марямхон аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат намуданд.
Инчунин, китобдори толори кӯдакон ва наврасони китобхона Дилором Осимова китобҳои шоир, аз қабили «Шеърҳо ва достонҳо», «Осори мунтахаб», «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл», «Модарнома», «Ҳасани аробакаш», «Ошёни баланд» ва ғайраро ба хонандагон муаррифӣ намуд.
Хонандаи хурдсоли шуъба Рустами Ҳанифахон шеъри «Баҳория»-и устод Мирзо Турсунзодаро бо лаҳни кӯдакона қироат намуда, таъби ҳамагонро болида сохт. Дар охир омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Мадинахон Донёрова минатдории худро ба кормандони китобхона баён намуда, иброз кард, ки бигзор дар чунин маҳфилҳо хонандагони дигар муассисаҳо иштирок намуда, донишу малакаи худро сайқал диҳанд. Маҳфил хело хотирмон ба анҷом расид.
Боиси зикр аст, ки пас аз анҷоми маҳфил хонандагон аз намоиши китобие, ки бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» дар шуъба ташкил гардида буд, дидан намуданд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ