12.04.2021 / НАМОИШИ КИТОБӢ: ФАТҲКУНАНДАГОНИ КАЙҲОНИ БЕКАНОР
(бахшида ба Рӯзи Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон)
Аз соли 1961 то инҷониб 12-уми апрел ҳамчун санаи муҳим дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад. 60 сол муқаддам дар ин рӯзи фаромӯшнопазир кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зада, бо ин давраи кайҳоннавардии таърихи башарро оғоз намуд. Ин нахустин парвози инсон ба кайҳон ба шумор рафта, 108 дақиқа давом кардааст. Дар давоми парвозаш дар киштии кайҳонӣ Юрий Гагарин хӯрок хӯрд, нӯшид ва хоб кард. Юрий Гагарин аввалин шахсе буд, ки бо чашми худ дидааст, ки замин доирашакл буда, манзараи он хеле зебост. «Офтоб дар кайҳон нисбат ба замин бештар дурахшон аст. Ситораҳо дурахшонтар ва равшантар буданд», - гуфта буд Юрий Гагарин.
Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба ҳамагон маълум аст, аммо 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Давлатҳои Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд.
Барои ин парвозаш дар фазои кайҳон ба Юрий Гагарин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи майор дода шуд. Парвози Юрий Гагарин саҳифаи нави таърих дар кайҳонро боз намуд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин рӯзи хотирмон бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз таърихи 12-уми апрели соли 1962 муқаррар гардид.
Санаи 12-уми апрели соли 2021 бахшида ба 60-солагии аввалин парвози кайҳоннавардӣ бо ташаббуси шуъбаи техникӣ ва кишоварзии китобхона намоиши китобӣ таҳти унвони «Фатҳкунандагони кайҳони беканор» баргузор карда шуд. Аз намоиш хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони фанҳои дақиқ дидан намуданд. Кормандони шуъбаи мазкур Фотима Баҳриддинова ва Фирӯза Қаюмова ба донишҷӯён доир ба зиндагинома ва фаъолияти назарраси кайҳоннаварди маъруфи рус Юрий Гагарин маълумоти муфассал доданд. Хонандагон аз баргузории чунин намоиши китобӣ ва огоҳ намудани онҳо аз кору пайкори таҳсиномези Юрий Гагарин ба кормандони китобхона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ