Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

СУҲБАТ ВА НАМОИШИ КУШОДИ МАТБУОТӢ: МАТБУОТ-РУКНИ ҶОМЕА

(ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик)

Ҳамасола дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз матбуот бо тақозои вазифаи хеш ифодагари розу ниёзҳои мардум мебошад ва он ба як рукни ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст. Мавқеъ ва нуфузи рӯзномаю маҷаллаҳо сол то сол боло рафта, мавриди тавваҷуҳи амиқи ҳамагон қарор дорад. Мардум дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи хеш ба матбуот ниёз доранд. Беҳуда нест, ки онро оинаи рӯзгор номидаанд.

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик санаи 11-уми марти соли равон дар шуъбаи матбуоти даврӣ суҳбат бо ҷалби васеи хонандагони  шуъба баргузор гардид. Суҳбатро сардори шуъба Ҳусейнова Муҳаббат оғоз карда, донишҷӯёнро ба ин рӯз табрик гуфт.

Ҳамчунин бо ташаббуси кормандони шуъбаи мазкур ба ин муносибат намоиши кушоди матбуотӣ таҳти унвони «Матбуот-рукни ҷомеа» ташкил карда шуд. Китобдори шуъба Ибодуллоева Раъно зимни намоиш аз мазмуну мундариҷаи маҷаллаҳои тозавориди «Садои шарқ», «Илм ва ҳаёт», «Масъалаҳои маориф», «Маърифати омӯзгор» ва дигар рӯзномаҳо иттилоъ дод.

Саркитобдори шуъба Садриддинова Замира дар мавзӯи «Бухорои шариф ва нақши он дар пайдоиш ва рушди матбуоти тоҷик» маърӯзаашро ба самъи донишҷӯён расонид. Сипас, байни донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар намоиш мақолоти бахшида ба Рӯзи матбуот нашргардида ба маърази тамошо гузошта шуд:

  1. Аскар, А. Тантанаи соҳибқаламон  [Матн]: Ба истиқболи Рӯзи матбуоти тоҷик / А.Аскар // Фирӯза.–2016.–№3.–С.10.
  2. Бобоҷониён, А. Дирӯз ва имрӯзи иди мо [Матн]: Таҳлили Рӯзи матбуоти тоҷик / А.Бобоҷониён // Сухани халқ.–2017.–8 март.
  3. Муродов, М. Матбуоти соҳавӣ [Матн] / М.Муродов // Омӯзгор.–2017.–7 март.
  4. Гулзод, С. Мароми матбуот созандагист [Матн] / С.Гулзод // Ҷумҳурият.–2017.–10 март.
  5. Комилов, К. Вазъ ва дурнамои матбуоти маҳаллӣ [Матн] / К.Комилов // Ҷумҳурият.–2019.–11 март.
  6. Муродӣ, М. Матбуоти даврӣ ва ҷаҳонишавӣ [Матн] / М.Муродӣ // Ҷумҳурият.–2019.–11 март.
  7. Муродӣ, М. Назаре ба сароғози матбуоти миллӣ [Матн] / М.Муродӣ // Илм ва ҳаёт.–2012.–№ 1-3.–С.10-11.
  8. Муродӣ, М. Сафҳаи мондагори матбуоти тоҷик [Матн] / М.Муродӣ // Маърифати омӯзгор.–2017.–№3.–С.10-11.
  9. Хусравбекова Г. Матбуот – рукни асосии ҷомеа [Матн] / Г.Хусравбекова // Баҳори аҷам.–2018.–6 март.
  10. Шарифов Д. Матбуоти тоҷик – ҳамқадами ҳаёт [Матн] / Д.Шарифов // Баҳори аҷам.–2018.–6 март.
  11. Эркаев, С. Рӯзнома ва ташаккули афкори ҷомеа [Матн] / С.Эркаев // Ҷумҳурият.–2019.–11март.

Намоиши матбуотӣ барои доираи васеи истифодабарандагон ва алоқамандони таърихи матбуот пешбинӣ шуда, истифодабарандагон метавонанд маводи намоиши мазкурро дар шуъбаҳои матбуоти даврӣ ва маълумотдиҳӣ-библиографӣ дастрас ва мутолиа намоянд.

 Шуъбаи табъу нашри китобхонаи вилоятӣ