Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

СУҲБАТ: УМР АЗ БАҲРИ ИЛМ

(бахшида ба 95-солагии олим ва чорводори номӣ Маҳмуд Зокиров)

Профессор Зокиров Маҳмуд Ҷӯраевич 13-уми марти соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ ба ҷаҳон омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба факултети зоотехникии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, онро сарбаландона хатм намуд. Номбурда солҳои 1941-1945 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзида, дар торумор намудани душманон саҳми худро гузоштааст. Ӯ солҳои 1956-1959 мудири шуъбаи бузу гӯсфандпарварии Институти чорводории Ӯзбекистон ва дар солҳои 1959-1976 мудири лабораторияи пӯсти пашмшиноси Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии гӯсфанди қароқӯлпарварии Вазорати хоҷагии қишлоқи Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии  Сотсиолистиро ба уҳда дошт. Бо ташаббуси Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиолистии Ӯзбекистон Маҳмуд Зокиров соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд бахши тоҷикистонии  Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии гӯсфандпарварии Кумитаи давлатии агросаноатии Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии  Сотсиолистӣ таъсис дода шуд. Солҳои 1976-1986 вай ба ҳайси мудири ҳамин шуъба ва солҳои 1986-1992 ба ҳайси профессор-мушовири муассисаи мазкур фаъолият бурда, аз соли 1992 то охири умр ҳамчун профессор-мушовири филиали Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ифои вазифа намудааст.

Мавсуф оид ба селексия ва генетикаи гӯсфандони қароқӯлӣ, бузи серпашм ва пӯсту пашми онҳо пажуҳишҳои илмӣ анҷом дода, муаллифи зиёда аз 140 таълифот мебошад. Ҳамзамон чандин луғатномаҳои соҳавӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Таҳти роҳбарии ӯ 24 нафар рисолаи номзадӣ ва 14 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд. Хизматҳояш бо орденҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи 2), «Ситораи сурх», «Дӯстӣ» ва чандин медалҳо қадрдонӣ шудааст. Риштаи умри ин марди кордону пуртаҷриба санаи 18-уми  майи соли 2008 канда шуд, вале ёди ин шахси бузург дар дили шогирдону пайвандон боқӣ мондаву омӯзандагони мактаби ӯ идомадиҳандаи кору пайкори вай мебошанд.

Бахшида ба 95-солагии профессор Маҳмуд Зокиров тибқи нақша санаи 13-уми марти соли равон бо ташаббуси китобдори дараҷаи дуюми шуъбаи техникӣ ва кишоварзии китобхона Фирӯза Қаюмова таҳти унвони «Умр аз баҳри илм» суҳбат баргузор гардид. Дар он донишҷӯён ва хонандагони фаъол иштирок намуда, доир ба зиндагинома ва фаъолияти пурмаҳсули чорводор ва олим Маҳмуд Зокиров маълумот пайдо карданд. Инчунин, таҳти ин унвон намоиши китобӣ низ ташкил карда шуд, ки аз он хонандагону донишҷӯён дидан намуданд. Суҳбат хело хотирмон ба анҷом расид.

Шуъбаи табъу нашри китобхонаи вилоятӣ