Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «КИТОБХОНАИ БЕҲТАРИН ДАР СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ-2020»

Бо мақсади татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд (№162, аз 05.04.2016) пешбурди соҳаи китобдорию китобшиносӣ, амалӣ намудани усули нави хизматрасонӣ, беҳбудӣ бахшидан ба сифату самаранокии хизматрасонии китобию иттилоотӣ, татбиқи технологияи компютерию инноватсионӣ дар ҷараёни кори китобхонаҳо, афзун кардани захираҳои китобии электронӣ, ташкили феҳрастҳои электронӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии китобдорону китобшиносон бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2020-2021 ва дигар санаҳои муҳими таърихи кишвар озмуни вилоятии «Китобхонаи беҳтарин дар соҳаи технологияи иттилоотӣ-2020» баргузор гардид.

Озмуни мазкур байни китобхонаҳои марказонидашудаи низоми фарҳанги шаҳру навоҳии вилояти Суғд доир гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон ва дар онҳо ташаккул додани маҳорати бо технологияҳои муосир кор карда тавонистан мебошад.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон муайян шуд, ки раванди истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен ва Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов  хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо масъулони баъзе китобхонаҳо, ба монанди Китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Панҷакент, Деваштич, Шаҳристон раванди электронӣ намудани китобу маводи чопиро хуб ба роҳ намондаанд.

Ҳамчунин шаҳру ноҳияҳои Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ барои озмун маводи заруриро пешниҳод накарданд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ҳайати ҳакамон ба Шоҳҷоизаи озмун Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва ба ҷойи якум Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм - Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен, ҷойи сеюм – Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расуловро тавсия намуд.

Санаи 22-юми феврали соли 2021 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ғолибонро бо туҳфаҳои муайяншуда қадрдонӣ намуда, ба китобдорону китобшиносон оид ба пешбурди соҳаи китобдорӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагону истифодабарандагон ба китобхона, корбурди усулу тарзҳои шоистаи хизматрасонӣ ва равнақи самтҳои дигари соҳа дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Китобдорон ва китобшиносон аз чунин ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанги вилоят руҳбаланд гардида, дар роҳи пешбурду тақвияти сиёсати фарҳангпарварона ва амалӣ намудани ҳидоятҳои наҷиби ояндабинонаи Пешвои миллат нақши муассир мегузоранд.

Маъмурияти китобхона