Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

«КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2020» ҶАМЪБАСТ ШУД

«КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2020» ҶАМЪБАСТ ШУДБоиси сарбаландист, ки дар замони соҳибистиқлолии халқу миллат бо тадбирҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми китоб, фарҳанги мутолиаи он ва ҷойгоҳи китобхона бамаротиб боло меравад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба назорати азхудкунии донишҳои замонавии наврасону ҷавонон, ташвиқи мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ва тақвияти қобилияти эҷодии онҳо ибрози назар намуда, аз ҷумла чунин таъкид  карданд:

«Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем».

Аз ин рӯ, дар замони баландсуръати ҷаҳонишавӣ мо бояд дар якҷоягӣ барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои зиндагисози Пешвои муаззами миллат тамоми нерӯи худро сарф намуда, ҷиҳати таҳкими фарҳанги волои китобдорӣ ва китобхонӣ, сохтмону азнавсозии китобхонаҳо ва таъмини ин муассисаҳои фарҳангӣ бо китобҳои тозанашр тадбирҳои саривақтиро амалӣ гардонем.

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ду сол инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат баргузор мешавад, собит месозад, ки воқеан дар байни қишрҳои ҷомеа шумораи шахсони китобдӯсту китобхон хеле зиёданд.

Дар роҳи татбиқи амалии ҳамин тадбирҳои судманд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати таҷдиду бунёди китобхонаҳо, табъу нашри китобҳо, ташкилу баргузории озмунҳо ва дигар чорабиниҳо тадбирҳои омӯзандаро ба роҳ мемонад. Ин амр дар амалӣ сохтани сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар ҳамаҷониба самараҳои нек ба бор меорад.

Яке аз ин тадбирҷӯиҳо дар давоми се соли охир доир гардидани озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» мебошад, ки дар байни 362 китобхонаи низоми фарҳанг баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии гузаронидани ин озмун дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва китобхонаҳои шаҳраку деҳот буда, ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобу маводи чопӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон, такмилу сайқали маҳорати касбии китобшиносон, сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ ва раванди ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ муайян карда мешавад.

Аз дигар ҷониб, моҳияти озмун нишон медиҳад, ки китобдорону китобшиносон ҳамчун иштирокчии мусобиқа масъулияти ҳарчи бештар зоҳир намуда, барои ободу зебо гардонидани китобхонаҳо, ташкили гӯшаҳо, сохтани феҳристу баргаҳо, гузаронидани озмунҳо, ташкили нуқтаҳои китобдиҳӣ ва роҳандозӣ намудани шаклҳои дигари хизматрасонии китобиву иттилоотӣ шумораи хонандагону истифодабарандагонро зиёд менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2020» (қарори №220, аз 15.07.2020) шавқу рағбати китобдоронро ба касби пурифтихори худ афзун сохт. Тибқи шартҳои озмун дар даври аввал – даври шаҳриву ноҳиявӣ китобхонаи Марказии ноҳияи Айнӣ, китобхонаи Марказии ноҳияи Ашт, китобхона-филиали №26 ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон, китобхонаи марказии шаҳри Гулистон, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Деваштич, китобхона– филиали №4 шаҳраки Ҳамид Алиеви ноҳияи Зафаробод, китобхона–филиали №16 деҳаи Лаккони шаҳри Исфара, китобхона–филиали №16 деҳаи Сепулаи шаҳри Истаравшан, китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол, китобхонаи марказии шаҳри Конибодом, китобхона–филиали №13 деҳаи Дашти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, китобхона–филиали №4 ноҳияи Мастчоҳ, китобхона–филиали бачагонаи №1 шаҳри Панҷакент, китобхона–филиали №12 ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен, китобхона–филиали №18 деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Шаҳристон барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Бояд таъкид дошт, ки аъзои ҳайати ҳакамон зимни сафар ба шаҳру навоҳӣ масъалаҳои зиёди соҳаро баррасӣ намуда, ба китобдорону китобшиносон маслиҳатҳои муфид доданд. Аз ҷумла, дар хусуси гузаронидани бозшумории махзани китобии китобхонаҳо, ташкили феҳрастҳо, таъсиси гӯшаҳои алоҳида бо номи «Гӯшаи китобдор», ба таҳсили ғоибона фаро гирифтани кормандони ғайритахассусӣ ва дигар паҳлӯҳои соҳа пешниҳод дода шуд. Ба ибораи дигар, дар канори муваффақиятҳо оид ба камбудиҳо низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҳайатҳои ҳакамон ва ташкилии озмун натиҷаҳои аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят бадастомадаро омӯхта ба ин қарор расиданд, ки ба Шоҳҷоизаи озмун китобхонаи марказии шаҳри Гулистон, ба ҷойи якум  китобхонаи марказии ноҳияи Айнӣ, ба ҷойи дуюм  китобхона-филиали №13 деҳаи Дашти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ба ҷойи сеюм китобхонаи марказии шаҳри Конибодомро сазовор ҳисобанд.

Санаи 28-уми декабри соли равон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ғолибонро бо туҳфаҳои муайяншуда қадрдонӣ намуда, дастуру маслиҳатҳои муфиди хешро ба китобдорону китобшиносон оид ба пешбурди соҳаи китобдорӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагону истифодабарандагон ба китобхона, корбурди усулу тарзҳои шоистаи хизматрасонӣ ва равнақи самтҳои дигари соҳа иброз дошт.

Мутобиқи қарори Раиси вилояти Суғд ғолибон–Шоҳҷоиза 12000 сомонӣ, ҷойи якум 10000 сомонӣ, ҷойи дуюм 8000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 6000 сомонӣ, сипоснома ва лентаи рамзиро ба даст оварданд.

Ҳамзамон, китобхона-филиали №4 ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ, китобхона-филиали №26 ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва китобхона-филиали №16 ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ҳамчун китобхонаҳои фаъол ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ ва ҳар кадоме ба 1000 сомонӣ ва сипоснома сарфароз гардиданд.

Аз чунин ғамхориҳои доимии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд китобдорон руҳбаланд гардида, дар ҷодаи пешбурду тақвияти сиёсати маънавиятбунёд ва амалӣ сохтани ҳидоятҳои наҷиби ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат нақши судманд мегузоранд.

 Манишвар Тоҳирӣ,
сардори шуъбаи табъу нашри 
Китобхонаи вилоятии оммавии 
ба номи Тошхоҷа Асирӣ