Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

ИҚДОМ: ҲАДЯ БА КИТОБХОНА

Ҳамарӯза аз ҷониби муаллифон, устодон, донишҷӯён, кормандони касбу кори гуногун ба хазинаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ китобҳои арзишманд ҳадя мегарданд. Бо ин мақсад аз ҷониби доктори илмҳои таърих, профессор Аюб Усмонов 20 нусха китоб ба Китобхона ҳадя гардид. Муаллифи китобҳои «Муқаддасоти миллӣ» (5 нусха), «150 саволу ҷавоб аз Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 нусха) ва «Арҷномаи устодони таърихнигор» (5 нусха) профессор Аюб Усмонов буда, китоби «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)»-ро (5 нусха) номбурда дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Ваҳҳоб Набиев ва сармуаллим Зафар Қобилов таҳия намудааст.

Муқаддасоти миллӣМуқаддасоти миллӣ. Китоби мазкур масъалаҳои таърихи ташаккули парчамдорӣ, Нишон ва Суруди миллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саросари олам фаро гирифта, сайри таърихии мафҳуми Парчам, ҷойгоҳи Нишон ва Суруди миллӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистон аз даврони қадим то замони соҳибистиқлолии кишвар муҳимтарин масоили меҳварии китобро ба вуҷуд овардаанд. Он дар нашриёти «Меъроҷ» ба зевари табъ ороста шуда, фарогири 144  саҳифа мебошад. 

150 саволу ҷавоб аз Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Роҳнамои мазкур фарогири 150 саволу ҷавоб буда, хонандаро ба мазмуну мундариҷа ва роҳу усули татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа ошно месозад. Роҳнамо дар нашриёти «Меъроҷ» мунташир гардида, аз 104 саҳифа иборат аст.

Арҷномаи устодони таърихнигор. Муаллиф дар ин китоб доир ба фаъолияти илмиву таълимии устодони зиндаёди факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанл ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» маълумот дода, аз рӯзгору осори ибратомӯзи чеҳраҳои равшани таърихнигории муосири тоҷик ҳикоят мекунад. Китоби мазкур ба донишҷӯёну аспирантон, магистрантону докторантон, муҳаққиқону муаллимони фанни таърих ва тамоми иродатмандони таърихи халқи тоҷик пешниҳод мешавад. Китоб соли 2020 дар нашриёти «Меъроҷ» чоп шуда, шомили 140 саҳифа мебошад.

Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945). Маводи таълимӣ ба қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар ҷабҳаи муҳорибаҳо, корномаҳои меҳнатии тоҷикистониён дар ақибгоҳ, вазъи илму фарҳанг ва маориф дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Китоб соли 2020 дар нашриёти «Меъроҷ» дар ҳаҷми 244 саҳифа ба табъ расидааст.

Аз ҳамаи кормандони касбу кори гуногун, сокинони вилоят ва муаллифони китобҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки иқдоми профессори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Аюб Усмоновро ҷонибдорӣ намуда, китобҳои сернусхаи худро ба Китобхона ҳадя намоянд ва онро барои истифода дастраси хонандагон гардонанд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ