Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ВОРИД ГАРДИДАНИ 48 НОМГӮЙИ КИТОБ БА ХАЗИНАИ КИТОБХОНА АЗ ҶОНИБИ МАТБААИ «НУРИ МАЪРИФАТ»

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №453 аз 31-уми августи соли 2012 дар бораи «Номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» аз ҷониби Муассисаи давлатии Маҷаллаи илмии «Номаи донишгоҳ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ба хазинаи Китобхонаи вилоятии оммавии Тошхоҷа Асирӣ  48 номгӯи китоби тозанашр, ки аз тарафи нашриёт ва матбааи «Нури маърифат» бо сифати баланд ва ороиши зебо ба табъ расидааст, туҳфа гардид.

Китобҳои «Конститутсия бахтномаи миллат», «Рисолати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат», «Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Н.И.Шукуров, «200 савол ва ҷавоб аз Паёми Пешвои миллат»-и Х.М.Сабуров, Г.М.Узоқова ва К.С.Хайруллозода,  «Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикиcтону Ӯзбекистон: Таърих ва замони муосир» (Маҷмӯаи мақолаҳо), «Аз Бедил то имрӯз»-и Нуралӣ Нурзод, «Услубиёт ва ҳусни баён»-и А.Абдуқодиров ва А.Давронов, «Технологияи иттилоотӣ»-и Ҳ.М.Аҳмедов, Ф.А.Юсупова, М.О.Норбобоев ва дигарон, «Математика»-и А.Низомов ва Б.Шомирзоев ва дигар китобҳо аз намунаҳои беҳтарини асарҳо ба шумор меоянд. Хонандагон метавонанд, китобҳои мазкурро дар шуъбаҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дарёфт ва мутолиа намоянд. 

Could not load widget with the id 145.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ барои ҳамкории судманд ба директори Муассисаи давлатии Маҷаллаи илмии «Номаи донишгоҳ» Зафар Шафиев изҳори миннатдорӣ менамояд.