Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

НАМОИШИ КИТОБӢ: БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 16-уми ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабании тантанавӣ баргузор гардид.

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар даромадгоҳи бинои мазкур  намоиши китобӣ баргузор намуд. Дар намоиш асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо доир ба корномаҳои сарвари кишвар, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва сиёсати пешгирифтаи роҳбари мамлакат ба маърази тамошо гузошта шуд.

Аз намоиш 400 нафар фаъолон, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону аҳли адаб ва ҷавонони фаъоли вилоят дидан намуданд.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ