КОРОНАВИРУС - ПЕШГИРӢ ВА АЛОМАТҲОИ ОН
Санаи 12-уми ноябри соли 2020 дар китобхона-филиали №2 дар ҳамкорӣ бо дигар кормандони китобхона-филиалҳо таҳти унвони “Коронавирус – пешгирӣ ва аломатҳои он” суҳбат гузаронида шуд. Дар суҳбат пизишки ин соҳа аз Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда дар шаҳри Хуҷанд Аминҷонова Дилнозахон ва омӯзгорони Мактаби мусиқии №4-и шаҳри Хуҷанд ва истиқоматкунандагони маҳаллаи Сайҳун ширкат варзиданд.
Суҳбатро китобдори дараҷаи якуми китобхона-филиали №2 Малика Қосимова ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард.
Зимни суҳбат пизишк Дилнозахон Аминҷонова дар бораи бемории сироятии коронавирус (COVID-19), пешгирӣ ва аломатҳои он сухан гуфта, таъкид кард, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ риоя намудани усулҳои беҳдотӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунин иштирокчиён доир ба мавзӯъ бо пизишк саволу ҷавоб намуда, маълумоти тиббии худро ғанӣ гардониданд.
Инчунин аз ҷониби китобдорон намоиши китобӣ-матбуотӣ таҳти унвони “Коронавирус – пешгирӣ ва аломатҳои он” ташкил карда шуд, ки дар он китобҳо ва мақолаҳои марбут ба илми тиб пешниҳоди хонандагон гардид.
Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ