Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

АДИБИ СОҲИБИСТЕЪДОД

Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависанда Маъруф Бобоҷон 3-юми ноябри соли 1945 дар деҳаи Рўмони ҷамоати Унҷии ноҳияи Ленинобод (ҳоло ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ӯ дар мактаби миёнаи нопурраи №26-и зодгоҳаш то синфи 7 таҳсил карда, сипас дар мактаби миёнаи №13 ба номи Фахрии Рўмонӣ таҳсилро идома дода, онро соли 1962 хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1967 бо дипломи аъло хатм кард.

Номбурда муддате дар Идораи гуфторҳо барои мамолики хориҷии Кумитаи садо ва симои тоҷик чун муҳаррири барномаҳо ва дар рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Советӣ» ҳамчун ходими адабӣ ифои вазифа намуд. Аз моҳи феврали соли 1968 то 1986 дар Кумитаи садо ва симои тоҷик ба сифати муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шўъбаи мухбирони ҷумҳурӣ, сармуҳаррири Идораи гуфторҳо барои ҷавонон ва наврасон ва аз моҳи сентябри соли 1984 ҳамчун сармуҳаррири Идораи гуфторҳои адабию драмавӣ фаъолият дошт.

Маъруф Бобоҷон ҳамзамон солҳои зиёд чун ҷонишини якуми раиси ҷамъияти «Китоб»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1995 раиси ҷамъияти «Китоб»-и вилояти Суғд аст. Ҳоло дар вазифаи ҷонишини раиси Шўъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон раиси нашриёти «Анис» ва сармуҳаррири маҷаллаи «Аниси Ватан» фаъолияти эҷодии худро идома дода истодааст.

Ҳикоя ва очеркҳои Маъруф Бобоҷон ҳанўз дар солҳои донишҷўияш дар рўзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ мунташир шудаанд. Номбурда муаллифи маҷмўаҳои қиссаву ҳикояҳои «Хишти аввал» (1971), «Шаби охирин» (1978), «Ҷуфти кабўтар» (1981), «Асири ҳафтум» (1985), «Бист дақиқаи интизорӣ» (1987), «Боғи Умед» (1989), «Муҳаммад» (1991),  маҷмўаи очеркҳои «Ҳодӣ Кенҷаев» (1970), «Фарзанди замин» (1974), «Имрўз ва фардои деҳот» (1980), «Зиёрати Байтулмуқаддас» ва ғайра мебошад.

Маъруф Бобоҷон соли 1980 бо Ифтихорномаи Раёсати Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2004 барои хизматҳои шоиста дар рушди адабиёти муосири тоҷик бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Вай Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Кормандони шуъбаи матбуоти даврӣ ба муносибати 75-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависанда Маъруф Бобоҷон дар даромадгоҳи шуъба санаи 3-юми ноябри соли 2020 таҳти унвони «Адиби соҳибистеъдод» намоиши матбуотӣ ташкил намуданд. Дар намоиш ҳикоя ва мақолаҳои нависанда ва самараи фаъолияти тарҷумонии ӯ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Намоиши матбуотӣ фарогири мақолаҳои зерин буд:

  1. 1.  Калфов, Д. Мулоқоти нахустин [Матн]: Ҳикояи нависандаи булғор / Тарҷумаи М. Бобоҷонов // Комсомоли Тоҷикистон. –1972. – 22 октябр.
  2. 2.  Лукницкий, П. Босмачиҳо дар Олой [Матн]: Порчаҳо аз повест / Тарҷумаи М. Бобоҷонов // Комсомоли Тоҷикистон. 1976. – 20 август.
  3. 3.  Бобоҷонов, М. Xуфти кабўтар [Матн]: Порча аз повест / М. Бобоҷонов // Занони Тоҷикистон. – 1978. №11. С.10-11.
  4. 4.  Бобоxонов, М. Минбари миллионҳо [Матн] / М. Бобоҷонов // Тоҷикистони советӣ. 1979. – 6 май.
  5. 5.  Бобоҷонов, М. Субҳи бахосият [Матн]: Ҳикоя / М. Бобоҷонов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1979. – 19 август.
  6. 6.  Fазанфар, М. Барқи эътиқод  [Матн]: Аз ёддоштҳои ҷангии пулемётчӣ М. Бобоҷонов / М.Fазанфар // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 9 май.
  7. 7.  Баротов, А., Бобоҷонов, М. Тадбирҳои ҳосилхезшавии замин [Матн]: Маслиҳати мутахассис / А.Баротов, М.Бобоxонов // Машъали коммунист. 1986. – 15 ноябр.
  8. 8.  Хистеварзӣ, А. Осори арзанда [Матн]: Повести аввали Маъруф Бобоҷон / А. Хистеварзӣ // Адабиёт ва санъат. – 2004. 7 май.
  9. 9.  Бобоҷон, М. Сарнавишт [Матн]: Наср / М. Бобоҷон // Адабиёт ва санъат. – 2004. – 23 декабр.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ