Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

НАМОИШИ МАТБУОТӢ: ҲАЁТИ БЕХУШУНАТ - ҲАДАФИ АСОСӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмиллалӣ, аз ҷумла Эъломия дар бораи ҳуқуқи башар ва Конвенсия оид ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро эътироф намудааст, ки мақсади асосии онҳо беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа мебошад.

Омилҳои гирифторӣ ба хушунат кам нестанд. Коршиносони масоили иҷтимоӣ аз даҳҳо сабаби ҷой доштани хушунат ном мегиранд: омода намудан ба зиндагии мустақилона, паст будани маърифати оиладорӣ, ноогоҳӣ аз нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, камтаҳаммулӣ ва ғайра.

Аз ин лиҳоз, дар шуъбаи матбуоти даврӣ бо ташаббуси китобдор Ибодуллоева Раъно намоиши матбуотӣ таҳти унвони «Ҳаёти бехушунат - ҳадафи асосӣ» пешкаши хонандагон ва истифодабарандагони фаъоли Китобхона гардид.

Дар намоиш чунин мақолаҳо ба маърази тамошо гузошта шуд:

  1. Расулзода ,Т. Хушунат оиларо вайрон кунад [Матн] / Т. Расулзода // Фирӯза. - №9-10. - 2017. – С. 22.
  2. Юсуфӣ, Ҷ. Никоҳ - кам, талоқ - зиёд [Матн]: Зӯроварии хонаводагӣ / Ҷ. Юсуфӣ // Бонувони Тоҷикистон. -2020. - №5. – С. 48-49
  3. Урозова, С. Аз хушунат оила вайрон шавад [Матн] / С. Урозова // Фирӯза. - 2020. - №1-2. – С. 21.
  4.  Ашӯрова, С. Пошхӯрии оилаҳо – кӣ гунаҳкор [Матн] / С. Ашӯрова // Бонувони Тоҷикистон. - 2018. - №7. – С. 20-21.
  5.  Каримзода, Н. Бо муҳаббат бедор мешавам, на бо хушунат [Матн] / Н. Каримзода // Фирӯза. - 2016. - №8. – С. 22-23.
  6.  Зӯҳробону. Дар қабзаи хушунат [Матн] / Зӯҳробону // Фирӯза. -2015. - №4. – С. 20.
  7.  Саидзода, М. Пойдории оила- пойдории давлат [Матн]: Зӯроварӣ дар оила / М. Саидзода // Фирӯза. - 2018. - №8. – С.12.
  8. Шарипова, А. Кӣ ва ё чӣ занону духтаронро ба худкушӣ водор менамояд? [Матн]: Масъалаи доғи рӯз / А. Шарипова // Фирӯза.-2010.-№2.-С17.
  9. Ҳодибоев, Ф. Хушунат ва пешгирии он [Матн] / Ф.Ҳодибоев // Ҳақиқати Суғд. - 2019. - №142.
  10.  Исмоилова, М. Зиндагӣ бе хушунат зебост! [Матн] / М. Исмоилова // Сухани халқ. -2019. - №45.
  11.  Абдувализода, Ф. Хушунати гузашта ва имрӯзаи пурдурӯғ [Матн] / Ф. Абдувализода // Минбари халқ. - 2020. - №28.

 

Ҷумъадилло Қодиров, корманди Китобхона