Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

Семинар: Сатҳи таъминоти китобхонаҳои оммавӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ

Семинар: Сатҳи таъминоти китобхонаҳои оммавӣ ва китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ва истифодаи он дар фаъолияти китобдорӣ

 

Санаи 15-уми октябри соли 2020 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода ва ходими калони илмии ҳамин пажӯҳишгоҳ Наимов Салоҳиддин дар мавзӯи “Сатҳи таъминоти китобхонаҳои оммавӣ ва китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ва истифодаи он дар фаъолияти китобдорӣ” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи китобхонаҳо, ба роҳ мондани технологияи коммуникатсионии муосир дар фаъолияти китобдорӣ, ғанӣ гардонидани захираи китобҳои электронӣ, пешниҳоди дурусти китобҳои электронӣ ба истифодабарандагон, ҷамъоварӣ, захира ва дастабандии китобҳои электронӣ аз манбаъҳои интернетӣ, ҳамкорӣ бо дигар китобдорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо,  инчунин истифодаи технологияҳои муосир дар раванди фаъолияти китобдорӣ мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки аз санаи 13-ум то 23-уми октябри соли равон  дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамаи китобхонаҳо семинари омӯзишӣ баргузор мегардад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ