ШОИРАИ ШИРИНКАЛОМ
Санаи 17-уми сентябри соли 2020 дар шуъбаи китобҳои хориҷии Китобхона ба муносибати 131-солагии нависандаи рус Анна Ахматова бо иштироки донишҷӯён ва хонандагон таҳти унвони «Шоираи ширинкалом» маҳфили «Дӯстдорони китоб» гузаронида шуд.
Маҳфилро сардори шуъбаи китобҳои хориҷӣ Ҳоҷибоева Санъатхон оғоз намуда, иштирокчиёнро аз зиндагӣ ва осори шоира ошно намуд.
Сипас корманди шуъба Мавлонова Наимахон аз эҷодиёти шоираи ширинкалом якчанд намуна хонда, инчунин доир мазмун ва мундариҷаи китобҳои Анна Ахматова ибрози назар кард.
Ҳамзамон дар маҳфил донишҷӯи бахши якуми факултети сохтмон ва наылиёти Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҳакимов Ҳакимҷон ва магистранти соли аввали факултети забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Сатторов Ҷавоҳир аз эҷодиёти шоира шеърҳо қироат карданд. Ҳамзамон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳаёт ва фаъолияти нависанда байни ҳам мубодилаи афкор гузарониданд.
Инчунин китобҳои нависандаи рус Анна Ахматова аз ҷониби кормандони шуъба ба маърази тамошо гузошта шуд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ