Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КИТОБ ДАР КИТОБХОНА

Ҳамасола 4-уми сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Бо ин мақсад санаи 1-уми сентябри соли 2020 бахшида ба ин санаи муҳим дар толори китобхона маҳфили илмӣ-фарҳангии "Китоб - сарчашмаи донишу хирад" баргузор гардид. Дар он ҷомеаи меҳнатии китобхона, китобхона-филиалҳо, намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят Фароғатбону Усмонова, мушовири Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Раҳмонов Абдураҳмон ва кормандони Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ иштирок карданд.

Чорабиниро директори китобхона Баҳром Мирсаидов ҳусни оғоз бахшида, китобдорону китобшиносонро бо Рӯзи китоб табрик гуфт. 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КИТОБ ДАР КИТОБХОНАНамояндаи Кумитаи иттифоқи касаба, варзиш ва сайёҳии вилоят Раҳмонов Абдураҳмон кормандони китобхонаро бо Рӯзи китоб табрик намуда, ба директори китобхона Баҳром Мирсаидов ва сардори шуъбаи тиб Марҳабо Турсунзода барои хизматҳои шоиста ва омода намудани кадрҳо ифтихорномаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро супорид. Инчунин сардори шуъбаи дастхатҳо Файзуллоева Зуҳрохон  ва сардори шуъбаи толори хониш Қурбонова Муҳайё бо ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд  сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин ба якчанд корманди китобхона ифтихорнома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тақдим шуда, 7 нафар корманди китобхона ба узвияти ҳизби мазкур дохил шуда, соҳиби дафтарчаи ҳизбӣ гардиданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КИТОБ ДАР КИТОБХОНА

Аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони китобхона ҳамаи китобдорон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Директори китобхона Баҳром Мирсаидов дар бахши дуюми маҳфил дар мавзӯи "Аз таърихи китобдории тоҷикон" маъруза намуд.

Маҳфил бо рӯҳияи идона ба охир расид. 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ