МАШВАРАТИ ОМЎЗАНДА ВА ОЯНДАБИНОНАИ КИТОБДОРОН
Китобдорӣ аз соҳаҳои афзалиятноки фарҳанг буда, ҳамеша дар ҳоли таҷдиду азнавсозӣ қарор дорад. Донишманди машҳури ҳинд Шиали Рамамрита Ранганатан гуфта буд, ки «китобхона андоме зинда ва боландааст», яъне ҳамарӯза махзани китобии он аз ҳисоби адабиёти тозанашр такмил меёбад, рӯзномаву маҷаллаҳои нав ворид мешаванд, маҷмӯи асноду қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дастрас мегарданд. Маҷмӯан, робитаи устувори ҷомеа, бахусус аҳли илму зиё ва донишмандону алоқамандони асил боиси ғаномандии китобхона мешавад.
Беш аз се даҳсола инҷониб дар ҷаҳони мутамаддин тарзу усули автомативу электронӣ низ ба раванди фаъолияти китобхонаҳо ворид шуда, дигаргуниҳои сифатӣ дар хадамоти китобиву иттилоотӣ рӯйи кор меоянд. Ташкили махзану китобхонаҳои электронӣ ва рақамӣ, феҳристҳои электронӣ, ҳифзи китобу сарчашмаҳо дар барандагони пурҳаҷми иттилоот, таъсиси абонементи муосири байни китобхонавӣ, ташкили махзани инноватсионии библиографӣ, сохтану ба истифода додани сомонаҳои расмии китобхонаҳо ва чанд падидаи дигар намунаи равшани таҷдиди сохтори муосири китобхонаҳо ба шумор мераванд.
Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти китобхона, баргузории мулоқоту муколамаи озод ва дарёфти афкори тозаи китобдорон 29-уми августи соли 2020 бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ семинари омӯзишии китобдорони вилояти Суғд дар мавзӯи «Таъмини китобхонаҳои оммавӣ бо технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии соҳавӣ» доир шуд.
Ҳамчунин дар кори семинар муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода, сармутахассиси Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фароғат Усмонова, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ширкат ва суханронӣ намуданд.
Қурбоналӣ Абдураҳимзода дар суханронии худ чунин таъкид дошт:
«Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои созандаву ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи китобдорӣ тағйироти куллӣ роҳандозӣ мешаванд. Сарвари давлат бо ибтикороти судманд дар равнақи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳ намуда, китобу маърифатро асоси гулгулшукуфии ҷомеаи навини Тоҷикистон номидаанд.
Ин матлабро маҷмӯи чораҷӯиҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат татбиқшаванда собит месозанд. Аз ҷумла, солҳои охир чор барномаи соҳавии китобдорӣ ба монанди «Барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 - 2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2013» ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» вобаста ба имкониятҳои мавҷуда татбиқ гардиданд. Зимни амалӣ гардидани ин барномаҳо таъмини китобхонаҳо бо таҷҳизот, мутахассисони касбӣ ва китобҳои тозаэҷод дар назар гирифта шуда буд.
Аз ин рӯ, барномаҳои мазкур соҳаи китобдориро аз буҳрони амиқ берун кашида, ба рушду нумӯи соҳа таъсири назарраси хешро гузоштанд. Дар ин замина бунёди китобхонаҳои хурду бузург мӯҷиби рафъи ниёзҳои хонандагон бо китобу иттилооти замонавӣ гардид.
Ҳамагон огоҳем, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил шуда, он тавонист, ки диққати аҳли кишварро ба хониш ва азбарнамоии донишу маънавиёт афзун гардонад ва дар дили ҳазорон хонандагони ҷавон чароғи муҳаббат ба китобро бияфрӯзад.
Ибтикори наҷиби Пешвои миллат дар хусуси ба ҳар як оила тақдим намудани китоби оламшумули аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нишони меҳру муҳаббати хосса ва арҷгузории Президенти мамлакат ба осори бузургон аст.
Чунин иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззам дар эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) боз дар тарҳи нав боиси ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба сарчашмаҳои боэътимоди дониш гардид. Ин тадбири фардонигарона китобдоронро низ водор менамояд, ки аз мазмуну мундариҷаи китобу манобеи марбут ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ бохабар бошанд. Ҳамчунин робитаро бо макотиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вусъат бахшанд.
Шоистаи таъкид аст, ки замони соҳибистиқлолӣ омили рушди соҳаи китобдориву китобшиносӣ, пешрафти фарҳанги мутолиаи китоб, бунёду азнавсозии китобхонаҳо ва таъмини ин ниҳодҳои фарҳангӣ бо осори тозанашр гардид.
Бинобар ин моро мебояд, ки иқдомҳои наҷибро дастгирӣ ва дар самти инкишофи соҳа, хусусан истифодаи таҷҳизоту навгониҳои соҳавӣ саҳмгузор бошем. Пешниҳоди инҷониб аз он иборат аст, ки маълумоти дақиқро аз вазъи таъминоти китобхонаҳои вилоят, аз ҷумла Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, китобхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳот ба даст биёрем, дастовард ва мушкилиҳои онҳоро биомӯзем ва баҳри бартарафнамоии ниёзҳои технологии онҳо барнома омода сохта, ба Ҳукумати кишвар манзур намоем.
Мутмаинем, ки китобхонаҳои вилоят дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва дар асоси барномаи нав бо технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии соҳавӣ таъмин мегарданд. Барномаи оянда саҳифаҳои навро ҷиҳати дар рушди фарҳанги китобдорӣ боз хоҳад кард.
Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки оид ба теъдод ва вазъи таҷҳизоти мавҷудаи хеш, мушкилоти таъмини китобхонаҳо бо компютер, принтер, сканерҳо, пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет ва дигар воситаҳои замонавӣ маълумотҳои дақиқ манзур намоед, то ин ки тавонем дар якҷоягӣ барои беҳтарнамоии ҷалби хонандагон ва робитаи устувор бо ҷомеа талош варзем. Вазифаи аввалиндараҷаи мову шумо пуррагардонии фазои фарҳангиву маънавӣ ва иттилоотии кишвар мебошад ва аз мо китобдорони ҳушманду соҳибтаҷриба аҳолии кишвар хидматгузории замонавию босифатро нигарон аст.
Дар ин ҷода Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо интизори ташаббусҳо ва пешниҳодҳои судманди китобдорон аст. Мо дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба барои пешрафти соҳа муваффақ хоҳем шуд».
Дар навбати худ муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Комилзода дар хусуси теъдоди китобхонаҳои низоми фарҳанг дар ҷумҳурӣ, таносуби воҳидҳои маъмурию ҷуғрофӣ, нуқтаҳои аҳолинишин, шаклу шеваҳои хизматрасонӣ, нақши китобдорон дар баланд бардоштани тафаккури бадеӣ, илмӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти китобшиносону китобхонаҳо суханронӣ намуд.
Сармутахассиси Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фароғат Усмонова баробари расонидани миннатдории роҳбарияти Раёсати фарҳанг ба садорати Вазорати фарҳанг барои ташкили семинар сипосгузорӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки бояд китобдорон ҳамқадами замон буда, барои тарҳи барномаи нави таъмини китобхонаҳо бо комютер ва техникаи пешрафтаи соҳавӣ ёрии амалӣ расонанд.
Директори китобхона Баҳром Мирсаидов изҳор дошт, ки ташкилу баргузории чунин семинар-машваратҳо аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба соҳаи китобдорӣ мужда мерасонад. Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки дар баробари технологияи муосир, инчунин таъмини китобхонаҳо бо маводи соҳавӣ низ зарур аст. Илова бар ин, бояд низомномаи истифодаи китоб, уҳдадориҳои хонанда, муносибати ӯ ба китобу маводи чопӣ ва дигар расмиёти соҳа тасдиқ ва ба танзим дароварда шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар кори семинар китобдорон аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафаробод ширкат намуда, чанде аз онҳо мулоҳизоти худро оид ба муҳиммияти қабули барномаи нави давлатӣ ҷиҳати таъмини китобхонаҳо бо технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии соҳавӣ баён доштанд.
Дар ҷараёни семинар китобдорон пешниҳод намуданд, ки ҳоло онҳо ба дастуруламал ва қоидаву низомномаҳои нави соҳавӣ ниёз доранд. Аз ин хотир, тарҷумаву таҷдиди нишондодҳои соҳа ба забони тоҷикӣ ва дастрас кардани ин аснод ба китобдорон басо зарур аст.
Дар фарҷоми машварат китобхонаи электронии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба аҳли нишаст муаррифӣ гардида, барномагузор Овлоқул Хокироев роҳҳои дастрасӣ ва истифодаи китобҳои электрониро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.
Семинар хотирмону судманд ба поён расид.
МанишварТоҳирӣ, сардори шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятии оммавии ба номиТошхоҷа Асирӣ