Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

РӮЗНОМАНИГОРИ СОҲИБТАҶРИБА

Карим Шариф – собиқ сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд». Зодаи ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Fафуров) аст. Соли 1972 дар идораи рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба ҳайси ёрдамчии мусаҳҳеҳ фаъолият оғоз намуда, баъди адои хизмати аскарӣ дар вазифаҳои мусаҳҳеҳ, барандаи шумора, муовини котиби масъул, мудири шуъбаҳои нашрияи вилоятӣ кор ва фаолият намудааст. Соли 1992 ба идораи рўзномаи навтаъсиси «Тирози ҷаҳон» ба ҳайси котиби масъул пазируфта шуда, дар вазифаи муовини сармуҳаррири нашрия даҳ сол фаъолият намуд. Ҳамаҷоя сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таъин шуд. Вай аз соли 1985 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, дар асоси ҷамъиятӣ котиби масъули созмони журналистони вилоятро иҷро мекунад. Аълочии матбуоти Тоҷикистон аст. Аз моҳи июли соли 2008-2014 дар вазифаи сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» фаъолият бурд.

Ба муносибати 65-солагии рўзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Карими Шариф дар шуъбаи матбуоти даврӣ санаи 24-августи соли 2020 намоиши матбуотӣ бо зерсарлавҳаи «Рўзноманигори соҳибтаҷриба» пешкаши истифодабарандагон гардид, ки аз ин намоиш хонандагон васеъ истифода бурданд.

Умед бар он дорем, ки аз кору пайкори рӯзноманигори муваффақ, рӯзноманигорони оянда ибрат мегиранд ва кору пойкори устодро саркори машқи хеш мешуморанд.

Дар намоиши имрӯза  чунин номгўи рўзномаву маҷаллаҳо ба намоиш гузошта шуд:

 

  1. 1.   Мирзоғанӣ, М. Боргоҳи аҳли муҳаббат [Матн]: мусоҳиба бо Карими         Шариф / М Мирзоғанӣ// Тирози ҷаҳон .-2010.-10 март.
  2. 2.   Карими Ш . Пораи дилашон бо мост [Матн]: дар бораи ёди  неки шодравон  Қурбоналӣ Ўрмонов / Ш Карими // Тирози ҷаҳон.-2006.-7 январ.
  3. 3.    Шарифова М. Моҳир дар қаламфарсоӣ [Матн]: Ба муносибати 50-солагии рўзноманигор Карими Шариф/ М Шарифова // Тирози ҷаҳон .-2005.-31 август.
  4. 4.     Рустамова М. Дорои одамияти баланд [Матн] / М Рустамова // Тирози ҷаҳон.-2005.-31 август.
  5. 5.     Инъомов М. Дўстест ҷонӣ , соҳибқаламест мумтоз [Матн]: Сухани табрикоти ба мунсибати 50 солагии Карими Шариф/ М Инъомов// Тирози ҷаҳон.-2005.-31 август.
  6. 6.      Карими Ш. Неъмати бебаҳо [Матн]:Бахшида ба дастоварди даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Ш Карими // Минбари халқ.-2006.-9 август.
  7. 7.   Карими Ш. Шаҳри Чкалов бояд намуна бошад [Матн]/Ш Карими// Ҳақиқати Суғд .-2011.-4 июн.
  8. 8.    Карими Ш. Шуморо ҳанўз интизорем, падар! [Матн]: Ба муносибати 70-солагии Fалаба / Ш Карими// Паёми Суғд.-2015.-№5.
  9. 9.  Карими Ш. Иттифоқ бояд тифоқ бошад [Матн]: Дар ҳошияи Анҷумани  ХIV Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ/ Ш Карими // Ҳақиқати Суғд.-2016.-26 январ.