Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

ҲОМИЁНИ САЛОМАТИИ ИНСОНҲО

Ҳомиёни саломатии инсонҳоСаломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар низ қимматар аст, маҳз ҳамин сиҳатиро табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд.

Ҳамасола дар кишварамон 18-уми август ҳамчун Рўзи табибон ҷашн гирифта мешавад.

Масъулини шуъбаи матбуоти даврӣ ба ин муносибат намоиши кушоди матбуотӣ таҳти унвони «Ҳомиёни саломатии инсонҳо» ташкил карданд. Китобдори шуъба Ибодуллоева Раъно зимни намоиш аз мазмуну мундариҷаи рўзномаву маҷаллаҳои ба ин муносибат нашргардида ба донишҷўён иттилоъи бештар дод. Дар намоиш мақолаҳое, ки вобаста ба Рўзи кормандони тиб нашр гардида буд, ба маърази тамошо гузошта шуд:

Ҳалимзода, О. Бо донишу маҳорати касбӣ дар ҳифзи тандурустӣ [Матн] / О. Ҳалимзода // Ҳақиқати Суғд.– 2015.– 18 август.

Ҳафизова, Ҳ. Хизмати босифати тиббӣ ба модарону кўдакон [Матн]:  Ба муносибати  Рўзи кормандони тиб / Ҳ. Ҳафизова // Фирўза.– 2016.– № 8.– С.12-13.

Акрамзода, У. Модари солим-ганҷи миллат [Матн]: Ба истиқболи Рўзи табибон / У.Акрамзода // Фирўза.– 2017.– № 7-8.– С. 18-19.

Ортиқов, А. Рисолат ва мақоми шоистаи табибон [Матн]/ А.Ортиқов // Саломат бошед.– 2018.– 17 август.

Шарифзода, М. Табиби ҳозиқ-вориси Сино [Матн]: Дар бораи Маркази ташхисию табобатии Сино / М. Шарифзода // Саломат бошед.– 2018.– 17 август.

Усмонова, Д. Саломатӣ ва рушди ҷомеа [Матн]: Дар бораи бемории сироятии ВНМО / Д. Усмонова // Саломат бошед.– 2018.– 17 август.

Муҳиддинов, Ҳ. Танатон солиму дилатон беғам бод! ҳМатн]: Ба муносибати Рўзи кормандони тиб / Ҳ. Муҳиддинов // Саломат бошед.– 2018.– 17 август.

Авезов,С. Рисолати Абўалӣ ибни Сино дар масири илми тиб [Матн]: Бахшида ба зодрўзи Абўалӣ ибни Сино / С. Авезов // Саломат бошед.– 2019.– 16 август.

Саадуллоева, Г. Табиби ман - ҳабиби ман [Матн]: Бахшида ба Рўзи кормандони соҳаи тандурустӣ / Г. Саадуллоева // Саломат бошед.– 2019.– 16 август.


Ҳомиёни саломатии инсонҳо