Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН»

Ҳамарӯза дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ тарғиби ҳадафҳои созанда ва ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дорад.

Бо ин мақсад санаи 22-юми июли соли 2020 дар Китобхонаи вилояти оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили рӯнамоии китобномаи ҳаштҷилдаи «Пешвои миллат  - Эмомалӣ Раҳмон», ки шомили корномаҳои беназир ва фаъолияти омӯзандаи  Президенти мамлакат мебошад, баргузор гардид. Ҳамзамон дар ошёнаи дуюми Китобхона асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуд.

Ин иқдом аз тарафи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанги вилоят, Иттифоқи нависандагон, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо, рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятӣ, телевизион ва радио  ва дигар сохторҳои марбута иштирок доштанд. 

Чорабиниро собиқадори соҳаи фарҳанг, устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Нодирҷон Солиҷонов ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба кушодашавии маҳфил хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ ӯ қайд  кард, ки маҳз иқдомҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи барқарории сулҳу оромиш дар кишвар, давлатсозӣ, созандагиву бунёдкорӣ, маорифпарвариву фарҳангсолорӣ ва худшиносии миллӣ дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон сафҳаҳои тоза ва рангин боз намудаанд. Ҳамаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз мактаби пуршарафи давлатдории Президенти мамлакат, ки шомили ҳазорҳо саҳифаҳои корнамоӣ мебошанд, сарчашма гирифтааст.

Сипас, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода дар суханронии хеш оид ба пешравиҳои соҳаи фарҳанг ва дигар соҳаҳои мухталиф ёдовар шуда, аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Пешвои миллат изҳори хушнудӣ кард. Баъдан  Шариф Комилзода доир ба таҳияи китобномаи ҳаштҷилдаи «Пешвои миллат  - Эмомалӣ Раҳмон» ибрози назар намуд. Мавсуф таъкид сохт, ки китобномаи мазкур аз лиҳози таҳия аз чанд ҷиҳат афзалият дорад. Аввалан китобнома унвони ҳамаи асарҳоро ба забони асл тибқи қоидаҳои нав тасвир намуда, навиштаҷотҳои библиографӣ ба асарҳои такроран чопшударо аз рўи соли нашрашон зери як асар бо нишон додани манбаъҳои интишорӣ пешкаш намудааст. Дуюм, мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм шарҳ дода шуда, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ мукаммал гардонида шудаанд. Сеюм, тасвири тақризҳои марбут ба китобҳо мувофиқи қоида дар зери ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома аз рўи соли чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо ҷо ба ҷо гузошта шудааст. Инчунин дар охири китоб ҳар як ҷилд барои осон дарёфт намудани маводи заруркумак феҳристҳои алифбоии сарлавҳаи асарҳо ва ашхос оварда шудааст.

Китобномаи мазкур дар асоси захираи Китобхонаи илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, нашрияҳои библиографии Хонаи китоби Тоҷикистон ва манобеи электронии идораҳои рўзномаву маҷаллаҳо таҳия шудааст. Ба табъ расидани китобномаи  «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» аз рўи ҳаҷм, фарогирии мавод ва услуби китобноманигорӣ яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи китобдорӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меравад. 

Сипас, сухан ба узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Додохони Эгамзод дода шуд. Ў ин асари ҳаштҷилдаро ҳамчун як падидаи навовар дар соҳаи китобу китобхонашиносӣ унвон карда, хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони биҳиштосо бесобиқа арзёбӣ намуд.

Баъдан директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода китобномаи мазкурро аз рӯи нақша ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, коллеҷҳо, рӯзнома ва маҷаллаҳои вилоятӣ тақдим намуд.

Дар охир ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева М. ба меҳмонон ҷиҳати ҳамкорӣ ва нашри ин шоҳасар изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ