РӮНАМОИИ МАҶМӮАИ ТОЗАНАШРИ «КИТОБ – САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ»
Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади тарғибу ташвиқ ва дастгирии иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илм, фарҳанг, табъу нашри кутуб ва таъсиси китобхонаҳову марказҳои илмӣ санаи 4-уми августи соли 2020 дар толори Китобхона рӯнамоии маҷмӯаи тозанашри «Китоб – сарчашмаи маърифат» баргузор гардид.
Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанги вилоят, марказҳои илмӣ, устодони донишгоҳҳои олӣ ва дигар намояндагони соҳаҳои гуногуни кишвар иштирок доштанд.
Маҳфилро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, пас аз он дар маърӯзаи худ «Оинаи ҳақнамои рӯзгор» доир ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Номбурда дар суханронии худ иброз дошт, ки маҳз дарки баланди масъулият ба ояндаи пуршараф, пурмазмун ва пурмаънои мардуми Тоҷикистон Пешвои миллатро водор намуд, ки ба маънавияти ҳамватанони хеш таваҷҷӯҳ намоянд ва дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа, хоса ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин ибтикори Пешвои миллат амали таърихист, ки натиҷаи некро ба бор хоҳад овард.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ низ иқдомҳои Пешвои миллатро дар эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» амали саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард.
Собиқадори хизмати давлатӣ, устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Нодирҷон Солиҷонов дар маърӯзаи хеш «Маркази навгониҳои китобдориву китобшиносӣ» доир ба таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди китобу китобдорӣ ибрози андеша кард. Мавсуф таъкид намуд, ки натиҷаи чунин ғамхориву таваҷҷуҳ, қадршиносиву эҳтироми баланд ба гурӯҳи васеи хонандагон, китобдорону китобшиносон, ба олимону донишмандон, кормандони фарҳангу маориф имкон фароҳам овард, ки илму фарҳанг дар Тоҷикистон боз ба мақоми таърихии худ нишинад ва вазифаи пешиниёнро дар пешкаш намудани иқдомҳои башардӯстона бо ҷуръату ҳиммат бар ӯҳда бигирад.
Сипас номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исомитдинов дар маърӯзааш «Роҷеъ ба фаъолияти муассисаҳои табъу нашри китобҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» баён дошт, ки баъди ба даст омадани соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон, фаъолияти корхонаҳои полиграфӣ, вобаста ба шароити замон, беҳтар гардид. Матбааҳои «Матбуот», «Шарқи Озод», «Ношир» ва «Хуросон» таҷҳизотҳои нави замонавӣ насб гаштанд.
Дар охир роҳбари ансамбли «Навои ҷавонӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Ҳусейнҷон Юсуфов маҳфилро бо иҷрои ду шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ ба анҷом расонид.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ