ТОЗАНАШР: «ҶАВОНОН ВА ОИЛАДОРӢ: ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲҚИҚИ МУАММОҲОИ ИҶТИМОӢ»
Китоби «Ҷавонон ва оиладорӣ: Пешвои миллат ва таҳқиқи муаммоҳои иҷтимоӣ»-и номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев соли 2020 дар матбааи «Нури маърифат» мунташир гардида, фарогири 212 саҳифа мебошад.
Китоб зери назари ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло рӯи чоп омада, аз муқаддима, 3 боб, 18 фасл, хулоса ва феҳрасти адабиёт иборат аст.
Дар боби аввали асар «Пешвои миллат ва сиёсати давлат» масъалаҳои мубрами мактаби сулҳофарин, Паёму пайкори созанда, фаъолияти ибратбахши Сарвари давлат, ва дар ин замина, қабул ва татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ баҳри беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Муаллиф дар боби дуюми асар «Илм, ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ» доир ба сохтори иҷтимоӣ, мавқеи илму маориф ҳамчун институти иҷтимоӣ дар ҷомеа, илм ва амнияти миллӣ ва заминаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаҳои мусбати он изҳори андеша кардааст.
Бобои сеюми китоби мазкур «Оила ва муаммоҳои хонаводагӣ дар замони муосир» фарогири масъалаҳои муносибати хонаводагӣ, ба мисли арзишҳои хонаводагӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин радиф масоили низоъ ва ҳалли он дар хонавода, мушкилоти иҷтимоии оилаҳои муҳоҷир, пешгирии ифротгароӣ, мушкилоти хонаводагӣ дар оилаҳои тоҷикистониву ӯзбекистонӣ дар замони мусоир мебошад.
Китоби «Ҷавонон ва оиладорӣ: Пешвои миллат ва таҳқиқи муаммоҳои иҷтимоӣ» барои донишҷӯён, муҳаққиқону омӯзгорон, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонон, занон ва оила, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар алоқамандон тавсия мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд, китоби мазкурро дар шуъбаҳои хизматрасонӣ ва толори хониши Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дастрас ва мутолиа намоянд.
Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ