Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

ТУҲФА БА КИТОБХОНА

Боиси хушнудист, ки санаи 19-уми июли соли 2020 Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокаримов Юлдош 35 нусха китоби шахсии худро ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳадя намуда, бо ин амали неки худ ҷиҳати ғанӣ гардидани махзани Китобхона саҳми худро гузошт. Мо хостем хонандагону иродатмандони китобхонаро бо мухтасари зиндагиномаи устод шинос намоем.

Корманди шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иқтисодчии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи якчанд ордену медал ва ифтихорномаҳо Шокаримов Юлдош санаи 26-уми августи соли 1937 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло шаҳри Хуҷанд) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

Шокаримов Юлдош хатмкардаи Институти политехникии шаҳри Киев ва Академияи илмҳои ҷамъиятии шаҳри Маскав буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1961 ба ҳайси муҳандиси ташкилоти истеҳсолӣ-техникии «Таджикпромавтоматика» оғоз карда, то соли 1963 дар вазифаи мазкур фаъолият бурдааст.

Соли 1963 ҳамчун мудири шуъбаи саноат, нақлиёт ва алоқаи Кумитаи назорати халқии ҶШС Тоҷикистон таъин гашта, соли 1965 барои кор бо таҷҳизоти Совнархози ҶШС Тоҷикистон ба ҳайси ҷонишини мудир ифои вазифа кардааст. Ҳамзамон ҳамчун ҷонишини Раиси Президиуми Шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъияти илмӣ-техникӣ ифои вазифа кардааст.

Шокаримов Юлдош соли 1975 ҳамчун Котиби якуми Коммунистии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, соли 1978 Котиби якуми ҳизби Коммунистии шаҳри Душанбе, раиси шаҳр ва аъзои бюрои Комитети марказии ҳизби Коммунистии Тоҷикистон  кор карда, вазифаашро бо масъулияти баланд иҷро намудааст.

Ӯ аз 1-уми июни соли 1983 аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, вазир, раиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ таъин гардида, бо заҳмат ва ташаббускориҳои ӯ дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 73 маркази шуғли аҳолӣ ва хадамоти муҳоҷирон таъсис дода шудааст.

Мавсуф 6-уми марти соли 1991 ба ҳайси ҷонишини аввали Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ӯ дар шаҳрҳои Женева, Париж, Бонн, Варшава, Берлин, Пекин, Токио ва ғайра дар маҷлисҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ баромад кардааст.

Аз моҳи марти соли 1998 то моҳи майи соли 2000-ум дар вазифаи директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ифои вазифа намудааст.

Муаллифи китобҳои «Рушду такомули иқтисодию иҷтимоии Душанбешаҳр», «Ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ба танзимдарории музди меҳнат дар қаринаи Кодекси нави меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баъзе шарту мутақаддимҳои илмию амалӣ дар ташкили пардохти меҳнат» ва 60 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Умедворем, ки дӯстдорон ва иродатмандони китоб амали Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокаримов Юлдошро минбаъд идома хоҳанд дод.

Маъмурияти китобхонаи вилоятӣ