КИТОБҲОИ НАВ
Китоби «КАМОЛ ДАР ОИНАИ ТАЗКИРАҲО»
Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ бо дастгирии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода соли 2020 дар нашриёти «Хуросон» китоби «Камол дар оинаи тазкираҳо» интишор ёфт, ки он аз 300 саҳифа иборат аст.
Таҳиякунандагони китоби «Камол дар оинаи тазкираҳо» Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов мебошанд. Онҳо ҷиҳати таълифи китоби мазкур аз 77 матни сарчашма дар шинохти ин шоири ширинкалом истифода кардаанд.
Дар оғози китоб директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳроми Раҳматзод зери унвони «Симои Камол дар сарчашмаҳои куҳан» муқаддимаи муфассал навиштааст.
Он дар баробари фарогирии муҳимтарин маълумоти тазкираҳои қадиму муосир, матолиби китобҳоеро ҳам, ки роҷеъ ба нақду баррасии ашъори шоир пардохтаанд, шомил мебошад. Китоб нахустин ҷилди даҳҷилдаи «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» ба шумор меояд.
Китоб фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, барои муҳаққиқони адабпажӯҳ ва оммаи васеи хонандагони тоҷик пешкаш мешавад.
КИТОБИ «ҲУҚУҚИ ОИЛАВӢ»
Комплекси таълимӣ-методии «Ҳуқуқи оилавӣ»-и сармуаллимони кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мирпочоев И.Ҳ. ва Очилов Ф.А. соли 2020 дар нашриёти «Хуросон» чоп гардида, фарогири 252 саҳифа мебошад.
Дар комплекси таълимӣ-методӣ мақсад ва вазифаҳои фанни ҳуқуқи оилавӣ ва мавқеи он дар ҷараёни таълим нишон дода шудааст. Инчунин, дар он тавсияҳои методӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор, матни лексияҳо, мавод барои дарси семинарӣ, кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор, саволномаҳо барои худомӯзӣ, супоришҳо, масъалаҳо ва саволномаи тестӣ оварда шудааст.
Китоб барои донишомӯзони гуруҳи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ пешбинӣ мегардад.
КИТОБИ ДАРСИИ «ТАЪРИХИ АФКОРИ ИҚТИСОДӢ»
Китоби дарсии «Таърихи афкори иқтисодӣ»-и А.Л.Қодиров, М.М.Исмоилов, Б.У.Ҳайдаров ва Б.Э.Аллашукуров соли 2020 дар нашриёти «Нури маърифат»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» чоп гардида, аз 180 саҳифа иборат аст.
«Таърихи афкори иқтисодӣ» дар асоси стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишомӯзони ихтисосҳои иқтисодиён навишта шуда, комилан ба сифати меъёри таълими низоми кредитӣ мусоидат менамояд.
Китоб аз муқаддима, шонздаҳ мавзӯъ ва рӯйхати адабиёт иборат мебошад. Муаллифон дар китоб доир ба вазифа, мақсад ва усулҳои омӯзиши фанни таърихи афкори иқтисодӣ, ақидаҳо ва афкори иқтисодии дунёи қадим, ақидаҳои иқтисодии намояндагони асримиёнагӣ, ақидаҳои иқтисодии намояндагони асримиёнагии халқи тоҷик, меркантилизм – марҳилаи аввали ташаккулёбии назарияи иқтисодӣ, назарияи иқтисодии физиократҳо, пайдоиши иқтисоди сиёсии классикӣ, афкори иқтисодии ибтидои асри ХIХ, таърихи иқтисодии Марксизм, инқилоби маржиналӣ гузаштан аз Консепсияи мактаби иқтисодии классикӣ ба назарияи неоклассикӣ, моҳияти марҳилаи дуюми инкишофи маржинализм, афкори иқтисодии халқи рус, мактаби таърихии назарияи иқтисод, назарияи рақобати номукаммал дар бозор, таълимоти иқтисодии Кейнс ва кейнсгароёни муосир ва либерализми нав ва назарияҳои классикони нави муосир маълумоти муфассал додаанд.
Китоби дарсии «Таърихи афкори иқтисодӣ» барои донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва дигар мутахассисони соҳаи иқтисодиёт пешниҳод мегардад.