Пажўҳишгарони рус, аз ҷумла, Кун А.Л., Наливкин В.П., Гертнер А., Гребенкин А.Д., Буняковский А.К. ин маъниро таъкид кардаанд, ки қадимтарин аҳолии бумии Фарғона тоҷикон мебошанд. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... –Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 29

САРАЗМИ БОСТОНӢ-МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ 5500-СОЛАИ ТОҶИКОН

 

САРАЗМИ БОСТОНӢ-МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ 5500- СОЛАИ ТОҶИКОН

Ҳамарӯза дар кишвари азизамон ба истиқболи таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ тадбирҳои муҳим рӯйи кор меоянд. Агар бостоншиносон ба таърихи ин ёдгории бузурги моддӣ машғул буда, китобу мақолаҳо таълиф намоянд, меъморону сохтмончиён ба бунёди иншооти ҷашнӣ камари ҳиммат бастаанд.

Ин ҳама аз ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Пешвои миллат 26-уми декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин таъкид доштанд: «Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем.

Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».

Воқеан, Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсус дорад. Он ба аҳди энеолит ва асри биринҷии қадим пайванд мегирад. Аҷобати Саразми бостонӣ дар он зоҳир мешавад, ки бозёфтҳои сафолии он ба ҳамин гуна маҳсулоти дар ҷануби Туркманистон, шарқи Эрон, Балуҷистон, ҷануби Афғонистон ва шаҳру мулкҳои Систону Хоразм бадастомада шабоҳат дошта, ба тамаддуни аҳди неолит умумият меёбад. Аз мамнуъгоҳи Саразм беш аз 150 маҳсулоти оҳанӣ, монанди табар, гурз, теша, корд, сӯзан, ороишоти нуқрагиву тилоӣ ва ғайра дарёфт шудаанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 –уми сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида,  31- уми июли соли 2010 дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар  давлати Бразилия баргузор гардид, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдмони нодир ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид.

Санаи 19-уми марти соли 2018 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиён чунин таъкид намуданд: «Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад».

САРАЗМИ БОСТОНӢ-МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ 5500- СОЛАИ ТОҶИКОН

Аз ин рӯ, дар соли 2020 ҷашн гирифтани Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон боз як нишонаи бузурги арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад.

Саразм ҳамчун яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ, ватани аввалини зироаткорон ва аввалин филизгудозони қавми ориёӣ, маскани сароғози таъриху фарҳанг ва тамаддунсозии аҷдодони тоҷикон дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 гектар ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад.

Хотирнишон месозем, ки Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардида, минбаъд ба тадқиқи ҳамаҷонибаи он олимони машҳури ҷаҳонӣ машғул шуданд. Агар барҷастатарин донандаи забони суғдӣ - В. А. Литвитс маънои Саразмро «Сари замин» гуфта бошад, имрӯз муҳаққиқони дигар дар заминаи осори бозмондаи таърихӣ маъноҳои нисбатан амиқу пурғунҷоиши онро, ки ифодагари гузаштаи пурифтихори Ариянам Ваеҷаҳ – Сарзамини Ориёно мебошад, кашфу маънидод карда истодаанд.

Замони бунёди Саразми бостон ба солҳои 3400 — 2000 пеш аз мелод мансуб аст. Бозёфтҳои Саразм шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ дорои маданияти пешрафтаву шукуфо будаанд.

Бо мақсади ҳифзи ин иншооти арзишманди моддӣ бо дастуру ҳидоятҳои созандаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат солҳои 2003-2008 панҷ мавзеи асосии ҳафриётшудаи Саразм болопӯш шуд.

Солҳост, ки шаҳраки Саразм ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст. Ҳамасола шаҳрвандони зиёди ватанӣ ва сайёҳони хориҷӣ ин мавзеи нотакрорро зиёрат карда, аз дастовардҳои бостоншиносони тоҷик баҳравар мегарданд.

Бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ низ як қатор чорабиниҳо, аз қабили суҳбату намоишҳо, баргаҳои мавзӯӣ, рӯйхатҳои тавсиявӣ, хулосаи китобшиносӣ амалӣ ва доир мегарданд. Кормандони китобхона дар толори пазироии воқеъ дар ошёнаи дуюми китобхона намоиши бошукӯҳи китобию матбуотиро таҳти унвони «Саразми бостон-муаррифгари тамаддуни 5500-солаи тоҷикон » манзури хонандагон ва дӯстдорони таърихи Ватан гардониданд.

Дар ин намоиш китобу рисолаҳо, мақолаву маърузаҳои илмӣ аз рӯзномаву маҷаллаҳо ва ашъори марбут ба ин мавзӯъ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Аз ҷумла, китобҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», М.М.Дяконов «Маданияти қадими тоҷикон», А.И.Исҳоқов «Саразм», А.Ҷалилов «Кашфиёти Панҷакенти қадим», А.Мухторов «Аз паи таърихи куҳан», «Панҷакенти қадим», З.Умарова «История развития ювелирного искусства таджиков», З. Мартынов «Методы археологического исследования», «Археологические работы в Таджикистане», «Материальная культура Таджикистана» ва дигар китобҳои ҷолибу пурмазмун пешниҳоди хонандаи ҳушманд гардонида шудаанд.

Ҳамзамон намоиши филми ҳуҷҷатӣ оид ба ин ёдгории таърихӣ бо номи «Саразм-ёдгории ниёкон» дар монитори китобхона пайваста намоиш дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона силсилабаргаи мавзӯӣ бо номи «Саразм–ёдгории бузурги таърихи тоҷикон» таҳия гардида, ба таври доимӣ такмил меёбад.

Табиист, ки омӯзиши Саразми бостонӣ дар муаррифию эҳёи муҷаддади тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигар Осиёи Миёна нақши мунир гузошта, тарғибу ташвиқи гузаштаи ибратомӯзи ниёгон дар китобхона роҳи маърифати рӯзгори пешиниёнро ҳамвор месозад. Китобдорон ҳамеша арҷгузору рӯнамогари таърихи ниёкон мебошанд.

Инак, чанд намунаи маводи гирдовардашуда, ки бозгӯи саҳифаҳои нави таърихи Саразми қадим маҳсуб меёбад, манзури хонандагон мегардад:

 САРАЗМИ БОСТОНӢ-МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ 5500- СОЛАИ ТОҶИКОН



Маводҳо оид ба таърихи Саразми бостонӣ 

Китобҳо ба забони тоҷикӣ

1.Панҷакенти қадим [Матн] / Муаллиф ва мураттиб А.Исҳоқов.–Душанбе: Ирфон, 1982.–94 с.

        2.Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих [Матн] / Эмомалӣ Раҳмонов.-Душанбе:Шарқи озод, 1996.-80 с.

3.Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих [Матн]:Дастури таълимӣ барои мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ / Эмомалӣ Раҳмонов.-Душанбе:Ирфон, 1997.-134 с.

4.Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих [Матн] / Муҳар. Д.Ашӯр .-Душанбе:Ирфон, 1997.-72 с. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)

5.Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих [Матн ва аксҳо]: Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум / Эмомалӣ Раҳмонов.-Душанбе:Ирфон, 1997.-72с. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ)

6.Эмомалӣ Раҳмонов. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ [Матн] / Эмомалӣ Раҳмонов .-Душанбе:Ирфон, 2006.-95  с. (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)

7.Эмомалӣ Раҳмонов. Сарнавишти миллати соҳибтамаддун [Матн] / Эмомалӣ Раҳмонов .-Душанбе:Ирфон, 2006.-44  с.

8.Эмомалӣ Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих [Матн]: Аз Ориён то Сомониён. Китоби сеюм / Эмомалӣ Раҳмонов.-Душанбе:Ирфон, 2006.-504с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ)

9.Эмомалӣ Раҳмон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ [Матн ва аксҳо] / Эмомалӣ Раҳмон .-Душанбе:Шарқи озод, 2007.-144  с.

10.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих [Матн]: Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум / Эмомалӣ Раҳмон.-Душанбе:Ирфон, 2009.-704с.

11.Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат-ҳастии миллат [Матн] / Эмомалӣ Раҳмон. -Душанбе:Эр-граф, 2016.-516 с.

12.Раҳмон, Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён [Матн]: Иборат аз чаҳор китоб /Э.Раҳмон.–Душанбе: Ирфон, 2016.–66 с. (бо ҳуруфи форсӣ)

13.Ғафуров, Б. Тоҷикон [Матн]: Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав / Б.Ғафуров.–Душанбе: Ирфон, 2016.– 868с.

 Китобҳо ба забони русӣ 

  1. Исаков, А. Саразм – поселение эпохи палеометалла в долине Зеравшана [Текст] // Археология Средней Азии и Ближнего Востока.–Ташкент,1983.–С.54-57.
  2. Исаков, А. Исследование поселения Саразм  [Текст] / А.Исаков // Археологические открытия 1981 года.–М., 1983.–С.486 .
  3. Археологические открытия 1982 года [Текст]: Раскопки поселения Саразм / А.Исаков.–Москва, 1984.–С.496-497
  4. Исаков, А. Археологические работы в Таджикистане [Текст]: Отчёт о работе на Саразме в 1980г. – Душанбе: Дониш, 1987.–С.452с.
  5. Исаков, А. Саразм  [Текст]: К вопр. становления раннеземледельч. культуры Заравшан. долины раскопки 1977-1983 гг. /А.Исаков. – Душанбе: Дониш, 1991.–С.157с.
  6. Абдуллоджон Исаков выдающийся археолог, культуролог и первооткрыватель Саразмской цивилизации [Текст] / Отв. ред. Н.Негматов. – Душанбе: Деваштич, 2005.–124 с. 

Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ дар маҷаллаҳо 

  1. Рабиев, А. Воқианомаи нави Аспандоз [Матн]: Очерк. Кофтукови археологӣ дар деҳаи Саразми Панҷакат ва кашфиёти номзади илми таърих Абдуллоҷон Исҳоқов / А. Рабиев // Садои Шарқ.–1979.–№1.–С.101-108.
  2. Саразм – мероси фарҳанги ҷаҳонӣ  [Матн] // Фирӯза.–2010.–№9.–С.14-15.
  3. Раззоқов, А. Саразм-яке аз марказҳои пайдоиш ва рушди тамаддуни ориёӣ  [Матн] / А.Раззоқов // Илм ва ҳаёт.–2013.–№4-6.–С.38-41.
  4. Раззоқов, А. Саразм – зодгоҳи Наврӯз [Матн] / А.Раззоқов // Илм ва ҳаёт.–2014.–№1.–С.7-8.
  5. Раззоқов, А., Бобомулоев,С. Кашфиётҳои нодири бостоншиносии Абдуллоҷон Исҳоқӣ  [Матн]: Ёде аз доктори илмҳои таърих А.Исҳоқӣ / А.Раззоқов, С.Бобомулоев // Илм ва ҳаёт.–2015.–№5.–С.6-9.
  6. Рукнҳои пойдории миллат ва кишвар [Матн]: Суханронии Президенти ҶТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат // Садои Шарқ.–2018.–№4.–С.3-16.
  7.  5500 – солагии Саразми бостонӣ [Матн] // Маърифати омӯзгор.–2019.–№5.–С.53.
  8. Ансоров, С., Ёров, М. Саразм – мероси фарҳангии сайёра [Матн] / С.Ансоров, М.Ёров // Масъалаҳои методикаи таълим.–2019.–№6.–С.12-17.
  9.  Аскариён, Ҷ. Ҳунармандӣ аз Саразм сарчашма мегирад [Матн]: Гуфтугӯ бо бостоншиноси фаронсавӣ Фредерик Бруне / Ҷ. Асрориён // Бонувони  Тоҷикистон.–2019.–№152.–С.6-7.
  10. Тасдиқи рамзи 5500-солагии  шаҳри Саразми бостонӣ [Матн] // Тоҷикистон.–2019.–№10.–октябр.–С.62.
  11. Каримзода, Н. Саразм – нахустшаҳри варазрӯд [Матн] / Н.Каримзода // Садои Шарқ.–2020.–№5.–С.115-124. 

Мақолаҳо бо забони русӣ дар маҷаллаҳо 

  1. Кушко, Ю. Бирюза в обмен на бронзу [Текст]: О расскопках городища Саразм / Ю.Кушко // Сов.культура.–1984.–20 сентябр.–№113.–С.5.
  2. Исҳоқов, А. Саразм [Текст]: Новый раннеземледельческий памятник Средней Азии // Сов. археология.–1986.–№1.–С.152-167.
  3. Каримова,Г. Дозороастрийские верования древнего Саразма [Текст]: Об археолог. исслед. древнеземледельческого поселения Саразм // Наследие предков.–2012.–№15.–С.119-130. 

Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ дар рӯзномаҳо 

  1. Исҳоқов, А. Асрори Саразм [Матн]:Ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои археологӣ дар шаҳри Панҷакент/ А.Исҳоқов // Маориф ва маданият.–1980.–17 июн.
  2. Рабиев, А.  Шаҳри панҷҳазорсола [Матн]: Аз таърихи шаҳри қадимаи Саразм, ки дар наздикии Панҷакент воқеъ аст / А.Рабиев // Маданияти Тоҷикистон.–1981.–6 октябр.
  3. Исҳоқов, А. Шаҳри 5000-сола [Матн]: Дар бораи кашф карда шудани шаҳри Саразм / Мусоҳиба бо А.Исҳоқов / Навиштагиранда А.Нарзиев // Ҳақиқати Ленинобод.–1982.–15 март.
  4. Исҳоқов,А., Бобомуллоев,С. Кашфиёти нави таърихи куҳан [Матн]: Оид ба масъалаи аз байн рафтани маданияти Саразм / А.Исҳоқов, С.Бобомуллоев, А.Раззоқов // Адабиёт ва санъат.–1985.–3 октябр.–С.7.
  5. Раззоқов, А. Таърихи ниёгон ғамхорӣ мехоҳад [Матн]: Оид ба ёдгории қадимаи кишоварзии қарияи Саразм / А.Раззоқов // Зарафшон.–1988.–10 март.
  6. Исҳоқӣ, А. Саразм: Ҳафриёт идома дорад [Матн]: Оид ба ёдгории қадимаи кишоварзии қарияи Саразми ноҳияи Панҷакент / А.Исҳоқӣ // Тоҷикистони советӣ.–1989.–23 август.
  7. Абдулло,Ҷ. Имзои ноҷо ё беэътиноии роҳбарон [Матн]: Бозёфтҳои бостоншиносон дар деҳаи Саразми ноҳияи Панҷакент / Ҷ. Абдулло // Ҷавонони Тоҷикистон.–1990.–7 феврал.
  8. Раззоқов, А. Саразм: 15 километр ғарбтар аз Панҷакент[Матн] / А. Раззоқов // Ҷумҳурият.–2001.–20 январ.
  9. Раззоқов, А. Бозёфти Тур аз ёдгориҳои Саразм [Матн]: Дар масири таърих / А.Раззоқов // Адабиёт ва санъат.–2005.–7 июл.–С.4-5.
  10. Набиев, В. Саразм – гаҳвораи тамаддуни халқи тоҷик [Матн]: Ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакент ба Феҳристи Мероси ҷаҳонии Кумитаи омӯзиш ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) ворид карда шуд / В.Набиев // Ҳақиқати Суғд.–2010.–28 август.
  11. Ҳотам, М. Саразм ва Хоразми қадим [Матн] / М.Ҳотам // Садои мардум.–2010.–19 октябр.
  12. Бурҳон, Қ. Саразм [Матн]: Дар бораи ёдгории бостонии тоҷикон / Қ. Бурҳон // Адабиёт ва санъат.–2010.–30 декабр.–С.5.
  13. Тоҷикистон кишвари ман [Матн]: Шаҳри Саразм // Баҳори Аҷам.–2011.–30 август.–С.8.
  14. Яҳёева, Т. Саразм оғози тамаддуни халқи тоҷик [Матн] / Т.Яҳёева // Тирози ҷаҳон.–2011.–28 сентябр.
  15. Раззоқов, А. Роҳи лоҷвард [Матн]: Суҳбат бо номзади илмҳои таърих, сардори мамнуъгоҳҳои таъриху бостоншиносии Саразм А.Раззоқов / Суҳбат М.Қодирова // Адабиёт ва санъат.–2013.–31 январ.–С.11.
  16. Рӯзиев, Д., Қурбонов, Л. Саразм: баҳористоне дар дили дашт [Матн]:Дар таърихи Саразми ноҳияи Панҷакент / Д.Рӯзиев, Л.Қурбонов // Ҷумҳурият.–2013.–6 сентябр.–С.4.
  17. Марофиев, С. Саразм-қадимтарин ёдгории мардуми Осиёи Марказӣ [Матн] / С.Марофиев // Сухани халқ.–2014.–16 апрел.–С.6.
  18. Раззоқов, А. Паҳнкунандаи лоҷувард [Матн]: Роҷеъ ба бозёфтҳои таърихии Саразм / А.Раззоқов // Ҷумҳурият.–2014.–1 май.–С.3.
  19. Қурбонов, Ш. Саразм бидуни ЮНЕСКО ҳам тамаддуни ҷаҳонӣ буд  [Матн]: Мусоҳиба бо ходими калони Ин-ти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ Ш.Қурбонов / Мусоҳиб Ш. Умриддин // Озодагон.–2016.–6 январ.–С.12. (2016,№1-3,саҳ.267,№1108 ).
  20. Файзалӣ, Ф. Саразм – бозёфти нодир [Матн] / Ф.Файзалӣ // Ҷумҳурият.–2016.–4 июн.
  21. Ҳомидова, Ш. Саразм – ёдгории беназир [Матн] / Ш.Ҳомидова // Ҳақиқати Суғд.–2016.–15 октябр.
  22. Тухтасунова, О. Андешае гирди номи Саразм [Матн] / О.Тухтасунова // Ҳақиқати Суғд.–2017.–19 декабр.
  23. 5500- солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад [Матн] // Тоҷикистон.–2018.–20 март.–С.5.
  24. Саразм таърихи беш аз панҷунимҳазорсола дорад [Матн]: Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент // Садои мардум.–2018.–29 март.–С.1.
  25. Эркаев, С. Саразм – яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ [Матн] / С.Эркаев // Тирози ҷаҳон.–2018.–4 апрел.
  26. Бузургмеҳр, Т. Ганҷинаи нодири тоҷикон [Матн]: Соли 2020 5500-солагии Саразм / Т.Бузургмеҳр // Адабиёт ва санъат.–2018.–19 апрел.–С.4.
  27. Ҷӯраев, М. Саразм макони сангҳои гӯё [Матн] / М.Ҷӯраев // Ҷумҳурият.–2018.–12 июл.–С.3.
  28. Эркаев, С. Саразм – маркази тамаддуни ҷаҳонӣ [Матн] / С.Эркаев // Ҷумҳурият.–2018.–2 август.
  29. Муҳаммадназир, Х. Асрори Саразм [Матн]: Сайёҳон аз ин макон чӣ меҷӯянд? / Х.Муҳаммадназир // Тоҷикистон.–2018.–26 сентябр.–С.15.
  30. Аминова, М. Саразм: Саҳифаҳо дар ҳазорсолаҳо [Матн] / М.Аминова // Ҳақиқати Суғд.–2018.–27 октябр.
  31. Шерхон, У. Ҳикмати сад дар хоки Саразм [Матн]: Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳайати бонуфузе озими шаҳри Панҷакенти бостонӣ шуд / У.Шерхон // Ҷумҳурият.–2018.–4 декабр.–С.5.
  32. Шарифов, Н. Сайре дар Саразми бостонӣ [Матн]: Дар бораи Саразми қадимӣ / Н.Шарифов // Минбари халқ.–2018.–12 декабр.–С.10.
  33. Солеҳзода, Т. Ҳикмати сад аср дар хоки Саразм [Матн]: Ба муносибати 5500-солагии Саразм дар соли 2020 / Т.Солеҳзода // Адабиёт ва санъат.–2018.–13 декабр.–С.11.
  34. Исҳоқов,А. Саразм-оғози тамаддуни тоҷикон [Матн] / А.Исҳоқов // Ваҳдат.–2018.–№24.–декабр.–С.7.
  35. Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ дар Мамнуъгоҳи таърихӣ – бостоншиносии «Саразм» осорхона бунёд мешавад [Матн] // Ҳақиқати Суғд.–2019.–12 январ.
  36. Сироҷзода, Ф. Саразм – ёдгории бузурги таърихӣ [Матн] / Ф.Сироҷзода // Ҷумҳурият.–2019.–14 январ.–С.3.
  37. Шарифзода, А. Саразми куҳан – ифтихори Ватан [Матн] / А.Шарифзода // Адабиёт ва санъат.–2019.–17 январ.–С.3.
  38. Отабоева, З. Саразм оғози ҳунармандӣ [Матн] / З.Отабоева // Тоҷикистон.–2019.–№3-4.–С.28-29.
  39. Султонова, М. Саразм макони ҷолиби сайёҳист [Матн] / М.Султонова // Тирози ҷаҳон.–2019.–30 март.–С.4.
  40. Раззоқов,  А. Андар шинохти Саразми бостонӣ [Матн]: Ёдгориҳои таърихии Саразм / А.Раззоқов // Минбари халқ.–2019.–10 апрел.–С.13.
  41. Раззоқов, А. Саразм – ҳамсоли Наврӯз [Матн] / А.Раззоқов // Ҷумҳурият.–2019.–23 апрел.–С.2.
  42. Таърихи таҷлил аз 5500-солагии Саразми бостонӣ эълон шуд [Матн] // Тоҷикистон.–2019.–29 май.–С.12.
  43. Абдулло, М. Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ – ифтихор аз тамаддуни миллӣ [Матн]: Ҷаласаи кумитаи тадорукот / М.Абдулло // Ҳақиқати Суғд.–2019.–30 май.–С.2.
  44. Ҷабборов, И. Шарифмуродова, Г. Саразм – хазинаи тиллоӣ ва ифтихори тамаддуни тоҷикон [Матн] / И.Ҷабборов, Г.Шарифмуродова // Ҳақиқати Суғд.–2019.–1 июн.–С.3.
  45. Турсунзода, Н. Шаҳри вусъати ёдгори аҳди қадим [Матн]: Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ / Н.Турсунзода // Ҳақиқати Суғд.–2019.–4 июн.–С.3.
  46. Рӯҳулова, Ф. Саразми қадим аз нигоҳи бостоншиноси хориҷӣ [Матн] / Ф.Рӯҳулова // Баҳори Аҷам.–2019.–7 июн.–С.4.
  47. Ҳасанов, С. Саразм – бозтоби тамаддуни Ориё [Матн]: Ба ифтихори 5500 – солагии Саразм / С. Ҳасанов // Омӯзгор.–2019.–13 июн.–С.5.
  48. Сафарзода, Х. Ифтихори тоҷикон! [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразм / Х.Сафарзода // Ҳақиқати Суғд.–2019.–22 июн.–С.4.
  49. Рӯҳулова, Ф. Саразм маркази байналмилалии бостоншиносӣ шуд [Матн] / Ф.Рӯҳулова // Ҷумҳурият.–2019.–21 июн.
  50. Ҷӯразода, Ҷ., Исомитдинов,Ҷ. Саразми Бостонӣ – муаррифгари тамаддуни 5500-солаи кишвари тоҷикон [Матн] / Ҷ.Ҷӯразода, Ҷ.Исомитдинов // Ҳақиқати Суғд.–2019.– 4 июл.
  51. Нахустин шаҳри Вароруд [Матн]: 5500-солагии Саразми бостонӣ // Адабиёт ва санъат.–2019.–4 июл.–С.4-5.
  52. Усанов, Р., Эркаев, С. Саразм – Ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна [Матн] / Р.Усанов, С.Эркаев // Садои мардум.–2019.–6 июл.–С.1.
  53. Зоирова, Н. Осорхона – оинаи таъриху фарҳанг [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / Н.Зоирова // Баҳори Аҷам.–2019.–8 июл.–С.8.
  54. Зиёзода, И. Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик [Матн]: Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ / И.Зиёзода // Омӯзгор.–2019.–18 июл.–С.7.
  55. Суруш, А., Мардонзода,Ҷ. Ҳафриёти Саразм [Матн] / А.Суруш, Ҷ.Мардонзода // Минбари халқ.–2019.–24 июл.–С.16.
  56. Раҳимзода, М., Солеҳзода, Т. Ҳикмати сад аср дар хоки Саразм [Матн] / М.Раҳимзода, Т.Солеҳзода // Сухани халқ.–2019.–1 август.–С.4-5.
  57. Усанов, Р., Эркаев, С. Мавзеи нодири таърихӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ [Матн]: Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ / Р.Усанов, С.Эркаев // Омӯзгор.–2019.–1 август.–С.6.
  58. Усанов, Р. Саразм – макони сайёҳию фарҳангӣ [Матн] / Р.Усанов, С.Эркаев // Қонун ва ҷомеа.–2019.– 8 август.–С.14.
  59. Идомаи корҳои бостоншиносии иншооти ҷашнӣ масъулият ва ҳуввияти миллист [Матн]: Дар Панҷакент ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразм // Ҳақиқати Суғд.–2019.–13 август.–С.2.
  60. Фозил, Н. Саразм дар остонаи ҷашни 5500-солагӣ [Матн] / Н.Фозил // Минбари халқ.–2019.–21 август. –С.6.
  61. Маҳкамова, Г. Саразм – муаррифгари таърихи бостонӣ [Матн] / Г.Маҳкамова // Ҳақиқати Суғд.–2019.– 3 октябр.–С.3.
  62. Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм [Матн] // Ҷумҳурият.–2019.–14 октябр.
  63. Мардонзода,Ҷ., Шарифова, М. Саразм [Матн]: Иштироки донишҷӯён дар ковишҳои бостоншиносӣ / Ҷ.Мардонзода, М.Шарифов // Ҷумҳурият.–2019.–23 октябр.
  64. Солеҳзода,Т. Ҳикмати сад асар дар хоки Саразм [Матн] / Т.Солеҳзода // Ҳақиқати Суғд.–2019.–29 октябр.–С.4.
  65. Шаҳркадаи Саразм чӣ гуна кашф шуд? [Матн] // Сухани халқ.–2019.–31 октябр.–С.8.
  66. Рамзи ҷашни 5500-солагии Саразм [Матн] // Корвони умед.–2019.–№17.–ноябр.–С.1.
  67. Дар Саразм маъбади об пайдо шуд [Матн]: Мусоҳиба бо директори Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразми бостонӣ Норинисо Худоёрова / Мусоҳиб Н.Фозил // Тоҷикистон.–2019.–13 ноябр.–С.19.
  68. Бекова, М. Кашшофи Саразм [Матн]: Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ / М.Бекова // Тоҷикистон.–2019.–20 ноябр.–С.18.
  69. Роҳнамои таърихи куҳан [Матн]: Ба муносибати 5500-солагии Саразм // Адабиёт ва санъат.–2019.–28 ноябр.–С.4.
  70. Мӯъминова, Р. Саразм – аз аввалин шаҳрҳои Авруосиё [Матн] / Р.Мӯъминова // Ҳақиқати Суғд.–2019.–30 ноябр.–С.3.
  71. Қурбон, Л. Кашфиёти нав дар илми бостоншиносии тоҷик [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / Л.Қурбон // Сухани халқ.–2019.–5 декабр.–С.7.
  72. Ташаккули тамаддуни шаҳрсозӣ [Матн]: Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм // Ҳақиқати Суғд.–2019.–10 декабр.–С.1.
  73. Салимова, Ш. Осорхона – оинаи тамаддун [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / Ш.Салимова // Ҳақиқати Суғд.–2019.–10 декабр.–С.2.
  74. Зарифӣ, И. Дарс дар Саразм [Матн]: Дарс-экскурсия дар Саразм / И.Зарифӣ // Омӯзгор.–2019.–5 декабр.–С.15.
  75.  Саразм дар Феҳрасти бузургдоштҳои ЮНЕСКО [Матн] // Адабиёт ва санъат.–2019.–12 декабр.–С.1.
  76. Наҷевуллоев, М. Имкониятҳои сайёҳии водии Зарафшон [Матн]: Бахшида ба 5500-солагии Саразм / М.Наҷевуллоев // Ҷавонони Тоҷикистон.–2019.–12 декабр.–С.15.
  77. Акмалиддин, К. Ёдгоре аз тамаддуни миллати тоҷик [Матн]: Бахшида ба 5500 – солагии Саразм / К.Акмалиддин // Ҷавонони Тоҷикистон.–2019.–12 декабр.–С.11.
  78. Тақвияти корҳо дар иншооти таърихӣ [Матн]: Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн  гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ // Ҳақиқати Суғд.–2019.–12 декабр.–С.1.
  79. Турсунзода,Н. Ёдгории аҳди қадим [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / Н.Турсунзода, И.Наҷмиддин // Ҳақиқати Суғд.–2019.–14 декабр.–С.1-2.
  80. Қурбон, Л. Саразм [Матн]: Кашфиёти нав дар илми бостоншиносӣ / Л.Қурбон // Ҷумҳурият.–2019.–19 декабр.–С.4.
  81. Давлат, Ф. Ёдгориҳои бегазанд [Матн]: Бахшида ба 5500-солагии Саразм дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи намоиши ёдгориҳо гузошта мешавад / Ф.Давлат // Адабиёт ва санъат.–2019.–19 декабр.–С.8.
  82. Каримов, М. Саразм – мероси фарҳангии сайёра [Матн] / М.Каримова, Ҷ.Ҷаҳонгирзода // Омӯзгор.–2019.–19 декабр.–С.5.
  83. Раззоқов, А. Оини мазҳабии Саразмиёни бостон [Матн] / А.Раззоқов // Ҳақиқати Суғд.–2019.–21 декабр.–С.5.
  84. Аҳмадзода, А. Шоҳии Моро аз Саразм ёбед! [Матн]: Суҳбати солинавӣ бо Роҳбари Чин Си Ҷинпин / А.Аҳмадзода // Тоҷикистон.–2019.–25 декабр.–С.9.
  85. Шарифова, Р. Саразм – ифтихори тоҷикон [Матн] / Р.Шарифова // Баҳори Аҷам.–2019.–27 декабр.–С.8.
  86. Иброҳимова, С. Сароғози тамаддуни Вароруд [Матн]: Ба муносибати 5500-солагии Саразм / С.Иброҳимова // Адабиёт ва санъат.–2020.–1 январ.–С.14.
  87. Зоирова, Н. Осорхона: Маърифат, таърих ва фарҳанг [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / Н.Зоирова // Ҳақиқати Суғд.–2020.–4 январ.–С.4.
  88. Қодирова, З. Саразм далели рушди пешрафтаи шаҳрсозӣ дар Осиёи Миёна аст [Матн] / З.Қодирова // Садои мардум.–2020.–7январ.–С.8.
  89. Бобомуллоев, С. Сароғози тамаддуни Вароруд [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразм / С.Бобомуллоев // Тирози ҷаҳон.–2020.–11 январ.–С.2.
  90. Шукурова, А. Гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / А.Шукурова // Ҳақиқати Суғд.–2020.–14 январ.–С.4.
  91. Мамадҷонова, М. Ёдгориест беназир [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / М.Мамадҷонова // Тирози ҷаҳон.–2020.–18 январ.–С.4.
  92. Умар, Р. Консепсияи баргузории ҷашни 5500-солагии Саразм омода гардид [Матн] /  Р.Умар // Садои мардум.–2020.–21 январ.–С.3.
  93. Кашфи саҳифаҳои пурифтихор [Матн]: 5500-солагии Саразм // Адабиёт ва санъат.–2020.–23 январ.–С.12-13.
  94. Қурбон,Ш. Шоҳроҳи бузурги Абрешим – омили ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон [Матн]: Саразм – ёдгории таърихии ҷаҳон / Ш.Қурбон // Ҷумҳурият.–2020.–23 январ.–С.2.
  95. Ҳалимова, Ҳ., Мирзоалиева, М. Саразм-хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик [Матн] / Ҳ.Ҳалимова, М.Мирзоалиева // Баҳори Аҷам.–2020.–24 январ.–С.8.
  96. Саидов, У. Нахусткашшофи Саразми бостонӣ [Матн] / У.Саидов // Ҷумҳурият.–2020.–29 январ.–С.6.
  97. Эшонова, Н., Азимов, М. Мероси фарҳангии ҷаҳонӣ [Матн]: Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ / Н.Эшонова, М.Азимов // Ҳақиқати Суғд.–2020.–1 феврал.–С.3.
  98. Палавонов, А. Саразм ҳамчун маркази ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ [Матн] / А. Палавонов // Минбари халқ.–2020.–5 феврал.–С.12.
  99. Азизқулова, М. Саразм – ифтихори тамаддуни тоҷикон [Матн] / М.Азизқулова // Ҳақиқати Суғд.–2020.–11 феврал.–С.3.
  100. Остонаев, З. Ибтидои тамаддуни тоҷикон [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразм / З.Остонаев // Тирози ҷаҳон.–2020.–19 феврал.–С.3.
  101. Раҳимзода, У. 5500-солагии Саразм  [Матн]:Мусоҳиба бо Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода оид ба омодагӣ ба санаи таърихӣ / У.Раҳимзода // Тоҷикистон.–2020.–26 феврал.–С.9.
  102. Мамадқулова, Г. Саразм ва эътирофи ҷаҳонии таърихи миллӣ  [Матн] / Г.Мамадқулова // Ҷумҳурият.–2020.–2 март.–С.4.
  103. Обидзода, С. Саразми куҳан – ифтихори ватан  [Матн] / С.Обидзода // Баҳори Аҷам.–2020.–6 март.–С.3.
  104. Баҳодур, Б. Маликаи Саразм  [Матн]: Қадимтарин нишонаи арҷгузорӣ ба модар / Б.Баҳодур // Ҷумҳурият.–2020.–6 март.–С.2.
  105. Иштироки Раиси вилоят дар ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500-солагии Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент  [Матн] // Ҳақиқати Суғд.–2020.–7 март.–С.2.
  106. Зокирова, Б., Каримзода, Б. Саразм-Намоде аз тамаддуни бостонии тоҷикон  [Матн] / Б.Зокирова, Б.Каримзода // Ҷумҳурият.–2020.–12 март.–С.3.
  107. Ҷӯраева, К. Гаҳвораи тамаддуни ориёӣ [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / К.Ҷӯраева // Ҳақиқати Суғд.–2020.–12 март.–С.4.
  108. «Саразм – намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон» [Матн] // Баҳори Аҷам.–2020.–18 март.–С.3.
  109. Нурзод, Б. Чеҳраи тобноки олами маърифат [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / Б.Нурзод // Ҳақиқати Суғд.–2020.–19 март.–С.4.
  110. Юнусиён, Т. Наврӯз ҳамсоли Саразм аст! [Матн] / Т.Юнусиён // Сухани халқ.–2020.–19 март.–С.7.
  111. Холов, Б. Саразм – пешоҳанги тамаддуни ниёгон [Матн] / Б.Холов // Ҷавонони Тоҷикистон.–2020.–26 март.–С.13.
  112. Яқубов, Ю. Хати Саразмиён чӣ гуна буд? [Матн]: 5 далели ҷолиб аз 5500 соли пеш / Ю.Яқубов // Тоҷикистон.–2020.–1 апрел.–С.23.
  113. Норова, З. Далели фарҳанги куҳанбунёд [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / З.Норова // Минбари халқ.–2020.–8 апрел.–С.11.
  114. Комилова, Ш. Ифтихори мо – Саразм! [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ / Ш.Комилова // Ҳақиқати Суғд.–2020.–14 апрел.–С.4.
  115. Замирова, М. Саразм. Ифтихори миллати мутамаддин [Матн] / М.Замирова // Ҷумҳурият.–2020.–18 май.–С.3.
  116. Мамадҷонова, М. Саразм: Тамаддуни ниёгони халқи тоҷик [Матн] / М.Мамадҷонова // Ҳақиқати Суғд.–2020.–25 апрел.–С.3.
  117. Набиева, Ф. Саразм-ҷойгоҳи тамаддуни ҷаҳонӣ [Матн] / Ф.Набиева // Ҳақиқати Суғд.–2020.–30 апрел.–С.4.
  118. Умар, Р. Ашӯралӣ Тайлонов – «Нахусткашшофи Саразм» [Матн] / Р.Умар // Садои мардум.–2020.–5 май.–С.5.
  119. Махкамов, Ҷ. Хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик [Матн]: Ба истиқболи 5500-солагии Саразми бостонӣ / Ҷ.Махкамов // Ҳақиқати Суғд.–2020.–21 май.–С.8.
  120. Самадӣ, Ш., Алиев, Н. Шаҳре аз саргаҳи таърих [Матн]: Саразм 5500 сол / Ш.Самадӣ, Н.Алиев // Садои мардум.–2020.–6 июн.–С.1-2.
  121. Сафарова. М. Саразм – намунаи фарҳангии Аҷам [Матн] / М.Сафарова // Ҷумҳурият.–2020.–9 июн.–С.3.
  122. Салоҳуддинов, М. Саразм: Ҷашни 5500-солагии тамаддуни миллӣ [Матн] / М.Салоҳуддинов // Ҷумҳурият.–2020.–16 июн.–С.3.

Мақолаҳо бо забони русӣ дар рӯзномаҳо 

  1. Кушко, Ю. Что ни камень – история [Текст]: Об археол. находке в городище Саразм, Пенджикент / Ю.Кушко // Новый Хатлон.–1989.–19 август.
  2. Эркаев, С. Саразм – один из центров мировой цивилизации [Текст] / С. Эркаев // Народная газета.–2018.–18 март.–С.6.
  3. Очередное заседание организационного комитета по празднованию 5500-летию древнего Саразма [Текст] // Согдийская правда.–2019.–11 декабр.–С.1.
  4. В честь празднования 5500-летия древнего города Саразм в Таджикистане пройдёт фестиваль «Таронаи Вахдат» [Текст] // Согдийская правда.–2020.–8 январ.–С.1.
  5. Хаитов, Д. Саразм-колыбель цивилизации таджикского народа [Матн] / Д.Хаитов // Народная газета.–2020.–22 январ.–С.6.
  6. От Саразма до Согдианы [Текст] // Народная газета.–2020.–26 феврал.–С.4.
  7. От Саразма до Согдианы [Текст] // Согдийская правда.–2020.–28 феврал.–С.2.
  8. Эшонкулова, Л. Древний Саразм – гордость Родины [Текст] / Л.Эшонкулова // Народная газета.–2020.–11 март.–С.6.
  9. Садыкова, Х. Саразм – древний памятник таджикской цивилизации [Текст] / Х.Садыкова // Согдийская правда.–2020.–18 март.–С.2.
  10. Набиев, А. Саразм [Текст]: Беседа в воинской части Национальной гвардии РТ на тему «Саразм – древнейший памятник истории» / А.Набиев // Согдийская правда.–2020.–18 март.–С.3.
  11. Каримова, М. Саразм [Текст] / М.Каримова // Согдийская правда.–2020.–18 апрел.–С.8.
  12. Дадабаева, М. Саразм – колыбель таджикской цивилизации [Текст] / М.Дадабаева // Согдийская правда.–2020.–25 апрел.–С.4.
  13. Подготовка к празднованию 5500-летия Саразма идёт полным ходом [Текст] // Народная газета.–2020.–6 мая.–С.5.
  14. Гайбуллоева, М. Саразм – это древнейшая цивилизация таджиков [Текст] / М.Гайбуллоева// Согдийская правда.–2020.–16 мая.–С.2.
  15. Насриддиншоев, О. Саразм – древнейшее поселение [Текст] / О.Насриддиншоев// Согдийская правда.–2020.–10 июня. –С.3.
  16. Рахимов, Н. Городище Саразм – в списке всемирного культурного наследия [Текст] / Н.Рахимов // Согдийская правда.–2020.–20 июня. –С.2.
  17. Рахимов, Н. Саразм – памятник международного научного сотрудничество [Текст] / Н.Рахимов // Согдийская правда.–2020.–4 июля. –С.8. 

Шеърҳо аз маҷмӯаҳо 

  1. Аҷамрод, М. Саразм  [Матн]: Шеър / М.Аҷамрод // Адабиёт ва санъат.–2020.–13 феврал.–С.13.
  2. Баҳодур, Бузургмеҳр. [Матн]: Мешавад аз хок ҳам хуршед ёфт (ба Саразми бостонӣ мебахшам) Шеър // Б.Баҳодур. Баҳор овардан осон нест. –Душанбе: Истиқбол, 2019. – 148 с. – С.28.
  3. Бурҳон, Қ. Саразм [Матн]: Шеър / Қ.Бурҳон // Ҷумҳурият.–2019.–9 декабр.–С.6.
  4. Бурҳон, Қ. Саразм [Матн]: Шеър / Қ.Бурҳон // Садои Шарқ.–2019.–№10.–С.87.
  5. Бурҳон, Қ. Суруди Саразм [Матн]: Шеър / Қ.Бурҳон // Тоҷикистон.–2020.–8 апрел.–С.18.
  6. Насрулло, Камол. Саразм  [Матн]: Шеър // К.Насрулло. Фаросӯи нигоҳ. –Душанбе: Адиб, 2007.–С.49-51.
  7. Насрулло, Камол. Саразм  [Матн]: Шеър // К.Насрулло. Ашки сапед. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011. – 204 с. –С.66.
  8. Раҳматзод, А. Саразм  [Матн]: Шеър / А. Раҳматзод // Адабиёт ва санъат.–2020.–20 феврал.–С.8.

Маъмурияти китобхонаи вилоятӣ 

САРАЗМИ БОСТОНӢ-МУАРРИФГАРИ ТАМАДДУНИ 5500- СОЛАИ ТОҶИКОН