ОЛИМ, НАВИСАНДА ВА ИНСОНИ КОМИЛ
(намоиши матбуотӣ ба муносибати 75-солагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммад Субҳон)
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Муҳаммад Субҳон (Муҳаммадқул Субҳонов) 10-уми июли соли 1945 дар деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Истаравшан дар оилаи деҳқон ба ҷаҳон омадааст. Ў соли 1962 пас аз хатми мактаби миёна ба ихтисоси биология ва асосҳои хоҷагии қишлоқи факултети табиатшиносию ҷуғрофияи Донишкадаи омўзгории Ленинобод (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров») дохил гардид.
Ба қалами Муҳаммад Субҳон зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ мансуб буда, бештари онҳо дар мавзўи табиат ва ҳифзи он рӯи коғаз омадаанд. Китобҳои «Луғати русӣ - тоҷикӣ аз зоология» (1974), «Асрори табиат» (1986), «Ҳифзи табиати кишвар» (1987), «Ҳифзи табиат - нури зиндагӣ» (2001) ва «Лаклаки сафед» (2002) аз осори мондагори ӯ ба ҳисоб мераванд.
Номбурда чун ҷанговари байналмилалӣ бо медалҳои «Ҷанговари интернасионалист», «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Жуков» ва дигар медалҳо сарфароз гардидааст.
Ба муносибати 75-солагии нависанда, олим, номзади илмҳои биологӣ Муҳаммад Субҳон дар шуъбаи матбуоти даврӣ санаи 8-уми июли соли 2020 намоиши матбуотӣ зери унвони «Олим, нависанда ва инсони комил» баргузор гардид, ки хонандагони фаъоли Китобхона аз он дидан намуданд. Дар намоиши мазкур мақолаҳои зерини Муҳаммад Субҳон аз рўзномаю маљаллањо ба маърази тамошо гузошта шуд:
- Субҳон, М. Хлорелла - хўроки бебаҳо [Матн]: Илм ва истеҳсолот / М. Субҳон // Тоҷикистони советӣ.–1983.–4 январ.
- Замир , Р. Устодро эҳтиром кард, худ соҳибэҳтиром шуд [Матн]: Ба муносибати 60-солагии М. Субҳон / Р. Замир // Тирози ҷаҳон.–2005.–9 июл.
- Субҳон, М. Бемории «Кабудак» [Матн]: Ҳикоя / М. Субҳон // Тирози ҷаҳон.– 2005.– 9 июл.
- Субҳон, М. Аз Зиддӣ то Сарез [Матн]: Ҳикоя / М. Субҳон // Хуҷанд.–2005.–№7.– С.61-77.
- Раҳматзод, А. Хаёлоти марғуб [Матн]: Китоби нави пурмўҳтавои нависанда М.Субҳон / А. Раҳматзод // Адабиёт ва санъат.–2008.–18 декабр.
- Субҳон, М. Салом эй дили озурда [Матн]: Ҳикоя / М. Субҳон // Тирози ҷаҳон.–2007.–18 август.
- Субҳон, М. Суханварони Суғд [Матн]: Андешаҳои адибони вилояти Суғд / М. Субҳон // Адабиёт ва санъат.–2009.–30 апрел.
- Субҳон, М. Бахт ёратон бод азизон [Матн]: Сухани табрикотї / М. Субҳон // Тирози ҷаҳон.–2011.–1 январ.
- Субҳон, М. Ҳалқабандӣ дар «Бешаи палангон» [Матн]: Ҳикоя / М. Субҳон // Тирози ҷаҳон.–2012.–15 сентябр.
- Рустамова, М. Олим, нависанда ва инсони комил [Матн]: Ба муносибати 70-солагии М. Субҳон / М. Рустамова // Тирози ҷаҳон.–2015.–12 август.
- Нозимӣ, М. Истиқлолият ва адиб [Матн] / М. Нозимӣ // Тирози ҷаҳон.–2016.–3 сентябр.
Маъмурияти китобхонаи вилоятӣ