КИТОБИ «НАЙСОН»-И ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ФАРЗОНА
Китоби тозанашри Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарзона «Найсон» соли 2019 дар нашриёти «Хуросон» мунташир гардида, аз 320 саҳифа иборат аст. Мураттиб, муаллифи сарсухан ва муҳаррири масъули китоби мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус буда, маҷмӯа зери назари Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бо зевари табъ ороста шудааст.
Маҷмӯаи мазкур фарогири рубоиву дубайтӣ ва тарҷумаҳои барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарзона мебошад. Шоир дар ҳар рубоӣ ё дубайтӣ як манзара, як ҳолат, як ҳикмати пурбори зиндагиро инъикос кардааст. Рубоиву дубайтиҳои мазкур на танҳо аз аҳволу эҳсоси як шахс, балки аз вазъи ҷаҳон, масоили маънавиву фарҳангӣ, иҷтимоиву сиёсии кишвар ва башар бо назокат ва диди хос дарак медиҳанд. Рубоиву дубайтӣ ва тарҷумаҳои Фарзона бори аввал аст, ки як ҷо ҷамъ оварда шуда, дар шакли китоби алоҳида мунташир гардидааст.
Маҷмӯа бо «Мухтасари шарҳи ҳол ва фаъолияти адабии Фарзона» оғоз гардида, дар бахши «Чаҳ-чаҳи гули сурх» 381 рубоӣ ҷой гирифтааст. Бояд таъкид намоем, ки аз миёни он 6 рубоӣ дар ситоиши устод Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст.
Намуна аз рубоӣ:
Эй дӯст, шарики ҷони ман будӣ, бош,
Ҳамбахту ҳамошёни ман будӣ, бош!
Бо муҳри ҳумоюнии Хаттоти азал,
Ҳамқисмати ҷовидони ман будӣ, бош!
Дар маҷмӯа дубайтиҳои Фарзона зери унвони «Чорзарби дил» ҷамъоварӣ гардида, шумораи онҳо 416 дубайтӣ мебошад.
Намуна аз дубайтӣ:
Бубин, райҳони чинӣ атрбез аст,
Гули ёқути гардун хандарез аст.
Ба сад ҳилат ба доми мо наяфтад,
Ки оҳуи баҳор одамгурез аст.
Дар бахши «Тарҷумаҳо» тарҷумаи ашъор ва намунаҳои насрии шоирон ва нависандагон Ли Бо, Майуо Басё, Мукаи Кёрай, Фукуда Тиё, Ёса Бусон, Кабаясси Исса, Ҷорҷ Байрон, Иоҳанн Гӯте, Ҳенрих Ҳайне, Александр Пушкин, Федор Тютчев, Афанасий Фет, Абай, Иван Бунин, Александр Блок, Анна Ахмадова, Марина Светаева, Сергей Эсенин, Антуан де Сент-Экзюпери, Темур Зулфиқоров ва Мухтор Шоҳонов ҷой дода шудааст.
Маҷмӯа ба хонандагони соҳибзавқ, соҳибмаърифат ва дӯстдорони ашъори Фарзона ҷиҳати мутолиа ва ҳифз кардан пешниҳод мегардад.
Таҳияи Тоҳирӣ Манишвар Мирсаид