КИТОБИ «ЛОЛАЕ ДАР ПАЙРОҲАИ БАБР»-И ДОРАНДАИ ҶОИЗАИ БА НОМИ РАҲИМ ҶАЛИЛ МУҚИМ ВОҲИД
Китоби «Лолае дар пайроҳаи бабр»-и Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муқим Воҳид соли 2020 дар нашриёти «Хуросон» аз чоп баромада, аз 260 саҳифа иборат аст. Асари мазкур дар остонаи 70-солагии нависанда рӯи коғаз омадааст.
Асари «Лолае дар пайроҳаи бабр» бо сабку равиши хос навишта шуда, аз қиссаву ҳикояҳои нави адиб иборат мебошад. Қиссаву ҳикояҳои нависанда ифодагари лаҳзаҳои мухталифи зиндагии ӯ ва ҳамзамонон буда, дар ёди хонандагон рӯзгори одамони синну соли гуногун ва тақдиру сарнавиштҳои аҷибро варақгардон месозанд.
Қиссаву ҳикояҳои ӯ бозгӯи рангомезиҳои ҳаёт аст. Мо аз китоби бисёр пурмуҳтавояш «Лолае дар пайроҳаи бабр» аз рушди босуръати ҷанбаҳои мухталифи зиндагӣ, соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва тағйири аносири маънавию фарҳангӣ ба хубӣ огоҳ мешавем. Навиштаҳои Муқим Воҳид хонандаро саргарми ишқу муҳаббат месозанд, меҳри ӯро ба шириниҳои олами ҳастӣ афзун менамоянд ва боварияшро ба оянда таҳким мебахшанд.
Нависанда Муқим Воҳид ҳангоми таълифи асари «Лолае дар пайроҳаи бабр» бештар ба санаҳо ва воқеаҳо такя намуда, зимни тасвири симои одамони синну соли гуногун манзараҳову лаҳзаҳои ҳаёти хешро низ ба зевари бадеият оростааст. Ҳодисаҳои дар қиссаву ҳикояҳои нависанда тасвиршаванда бештар ба зодгоҳи ӯ – шаҳри бостонии Хуҷанд иртибот мегиранд ва гоҳ-гоҳ далелҳои ҷолибро аз таърихи шаҳр ба хонандагон мерасонанд. Тарзи ҷумлаороии нигоранда бисёр самимӣ ва равон аст. Зарбулмасалу мақол, сурудҳои мардумӣ, лутфу киноёт низ дар асар мавқеи хос доранд.
Китоби «Лолае дар пайроҳаи бабр» нишони ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва меҳнати босуботу судманди муаллиф аст. Нависанда сужетҳову мотивҳоро бо тамоми ҷузъиёташ тасвиргарӣ намуда, на танҳо бо аҳли илму адаб, инчунин бо ҳар нафари барои муносибу мувофиқ дӯстӣ барқарор намудааст ё бо зимни суҳбату мулоқот дунёи рангини одамонро омӯхтааст. Завқи эстетикии нависанда дар бархе аз навиштаҳояш чунон равшан зоҳир мегардад, ки хонанда ӯро на чун адиб, балки ҳамчун рассом мешиносад.
Китоби мазкур бо насри бисёр содаву равон навишта шудааст. Хонанда аз саҳифа ба саҳифаи дигар зуд ба ҷаҳони андешаву тасвирҳои ширини адиб ворид мешавад ва завқ мебарад.
Таҳияи Тоҳирӣ Манишвар Мирсаид